Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муҳаммад Наимов аз ҳамватанон узр пурсид
Муҳаммад Наимов, размкори шинохтаи тоҷик, ки шоми 21-уми июн муҳорибаи шашумашро дар ташкилоти UFC доир мекунад, дар нишасти матбуотии пеш аз рақобат аз мухлисону алоқамандони муҳорибаҳои омехта узр пурсид.
Бояд бигӯем, ки чанде пеш ин варзишгари тоҷик гуфта буд, ки мухлисони тоҷик агар ғалаба ба даст биёрӣ хеле дастгирӣ мекунанд, аммо агар мағлуб шавӣ, дашном медиҳанд.
Дар ростои ин гуфтаи Муҳаммад Наимов бархе ҳаводорони варзиш ӯро танқид карданд.
"Ман намегӯям, ки маро нодуруст фаҳмиданд, балки мегӯям, ки ман фикрамро дуруст баён карда натавонистам. Барои ҳамин, аз ҳамватанонам узр мепурсам", - гуфт варзишгар.
Ҳамчунин, Муҳаммад Наимов гуфт, ки агар ташкилоти UFC дар Тоҷикистон мусобиқа ташкил кунад, хеле хуб мешавад, зеро мардуми тоҷик варзишдӯст ҳастанд ва варзишгаронро дастгирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Наимов дар миёни чор варзишгари тоҷик, ки ҳоло дар ташкилоти мазкур баромад мекунанд, фаъолтарин буда, то имрӯз 5 муҳориба гузаронида, 4 ғалабаву 1 бохт дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”