Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон 7 нафарро барои фурӯши шароб шаллоқ зада ва зиндонӣ карданд
Гурӯҳи террористии Толибон аз муҷозоти 7 нафар бо ҷурмҳои мухталиф хабар додааст. Ин гурӯҳ навишт, 7 нафарро дар Кобул ба ҷурми содир кардани ҷинояти “фурӯш шароб” ва “маводи мухаддир” боздошт намуда, аз 7 моҳ то 2 сол зиндонӣ кардаанд.
Ин бори аввал аст, ки гурӯҳи террористии Толибон аз ҷазо додани фурӯшандагони шароб дар Афғонистон хабар медиҳад.
Гурӯҳи террористии Толибон бо вуҷуди мухолифатҳои шадиди байналмилалӣ аз муҷозоти асримиёнагӣ истифода мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз Толибон хостаанд, ки ҷазоҳои шаллоқ, сангсор ва муҳокимаи гурӯҳиро бекор кунанд.
Ҳамчунин, гурӯҳи террористии Толибон бо нашри хабар гуфта, ки як зан ва як мардро дар вилояти Самангон ба ҷурми содир кардани амали ҷинсии бидуни накоҳи шаръӣ ва хилофи шариат дар ҷамъи мардум шаллоқ задаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”