Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил тасдиқ кард, як ҳавопаймои бесарнишинаш аз сӯи Эрон сарнагун шудааст
Неруҳои мусаллаҳи Исроил дар як изҳороти расмӣ рӯзи чоршанбе эълон кард, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Исроил баъд аз он, ки аз сӯйи мушаки замин ба ҳавои неруҳои Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифт, сарнагун шуд.
Неруҳои мусаллаҳи Исроил гуфт, ки сарнагун шудани ҳавопаймои бесарнишин талафот надошт ва ҳеч гуна хавфи “фош шудани иттилоот” низ вуҷуд надорад. Дар изҳороти Исроил зикр нашудааст, ки ин ҳаваймо кай ва дар куҷо сарнагун шудааст.
Хабаргузории вобаста ба Сипоҳи посдорони Эрон “Форс” навишт, ки ҳавопаймои пешрафтаи бесарнишини Исроил дар минтақаи шарқии Исфаҳон сарнагун шуд. Ин манбаъ афзуд, ки ҳавопаймои бесарнишин аз навъи “Ҳермес” буд ва бо таҷизоти модерн муҷаҳҳаз буд, ки фурсат наёфт онҳоро ба кор барад.
Эрон дар давоми ин шаш рӯзи ҷанг дар чанд маврид аз сарнагун кардани ҷангандаҳои пешрафта ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Исроил хабар додааст. Аммо ин бори аввал аст, ки худи Исроил сарнагун шудани ҳавопаймои бесарнишинашро тасдиқ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”