27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
19.06.2025 04:43

Русия ҳушдор дод. Кумаки Амрико ба Исроил боиси нооромии бештар мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки ҳар гуна кумаки мустақими низомии Вашингтон ба Исроил дар муқобили Эрон метавонад боиси нооромии фарогир дар Ховари Миёна гардад.

Сергей Рябков, муовини Вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи чошанбе гуфт, ки ҳимояти низомӣ аз Тел-Авив метавонад “мувозинати ҳассос”-и минтақаи Ховари Миёнаро барҳам занад. Ӯ дар мавриди эҳтимоли кумаки низомии Амрико ба Исроил гуфт: “Ин қадаме хоҳад буд, ки вазъиятро ба шиддат бесубот мекунад. Иёлоти Муттаҳида дар хати муқаддами ҳама ҷараёнҳо қарор дорад ва ин ки бигӯем, қаблан дахолат намекард, иштибоҳ аст”.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки чунин амалҳо на фақат боиси шиддат гирифтани низоъ хоҳад шуд, балки метавонад ба як низои фаромарзӣ табдил ёбад.

Сергей Рябков аз Вашингтон даъват кард, ки аз тасмимҳои эҳтимолии ирсоли кумаки низомӣ ба Тел-Авив худдорӣ кунад. Ӯ афзуд, ки чунин иқдомҳо метавонад “паёмадҳои ҷуброннопазир” дошта бошад ва таъкид намуд, ки Маскав бо ҳар ду ҷониб – Эрон ва Исроил дар тамоси доимӣ аст, то аз шиддат гирифтани низоъ пешгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Наришкин, раиси Хадамоти иттилооти хориҷии Русия вазъиятро “буҳронӣ” арзёбӣ намуда, ҷонибҳоро ба хештандорӣ ва гуфтугӯ даъват кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.