27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
18.06.2025 11:40

“Зиндагии сахт ва дарднок”. Садҳо исроилӣ бо қаиқҳои баҳрӣ ба Қибрис мегурезанд

Расонаҳои Исроил навиштанд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии шадиди шаби гузаштаи Эрон сокинони Исроил ба ваҳшат афтода, роҳи хориҷ шудан аз Исроилро меҷӯянд. Бархе аз сокинони Исроил аллакай бо қаиқҳо ва бо қабул намудани роҳи пурхатар аз тариқи баҳр ба минтақаи Қибрис дар наздикии Юнон фирор кардаанд.

Хабаргузории “Тасним”-и Эрон навишт, дар ҳоле ки фурудгоҳҳои режими Исроил аз тарси ҳамлаи мушакии Эрон баста аст ва ҳукумат хориҷ шудан аз Исроилро манъ кардааст, садҳо исроилӣ пинҳонӣ ба воситаи қаиқҳо дар ҳоли фирор аз ин кишвар мебошанд.

Рӯзномаи “Ҳааретс” шаби гузашта хабар дод, шумораи онҳое, ки ба ҷойи ҳавопаймо бо роҳҳои дигар рӯ ба фирор овардаанд, афзоиш меёбад. Ин рӯзнома менависад, ки сокинони Исроил розӣ нестанд, ки ҳувияти худро ошкор кунанд. Онҳо гуфтаанд, дигар роҳе надоранд ва бояд аз роҳҳои пинҳонӣ фирор кунанд.

Ин расонаи исроилӣ навиштааст, ки бисёре аз исроилиҳо имконияти истифода аз қаиқҳои баҳриро надоранд. Капитанҳои қаиқҳо гуфтаанд, ҳатто онҳое, ки имконият надоранд, бо ҳар мушкиле мехоҳанд Исроилро тарк кунанд.

Тибқи иттилоъ, бандари баҳрии Ҳерзлияи Исроил дар рӯзҳои гузашта ба маркази фирори пинҳонии исроилиҳо табдил шудааст. Сокинони Исроил фақат бо як чамадон ба қаиқҳо савор мешаванд ва ба сӯи Қибрис ва дигар минтақаҳо фирор мекунанд.

Хароҷоти сафар бо қаиқҳо хеле зиёд аст ва фақат афроди сарватманд метавонанд аз он истифода намуда, ҷони худро наҷот диҳанд.

Рӯзномаи “Ҳааретс” бо ишора ба баста шудани фазои ҳавоии Исроил ва интиқоли даҳҳо ҳавопаймо ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби ҳукумати Исроил, бо мақсади  пешгирӣ аз нобудшавӣ бо мушакҳои Эрон навишт, ки миллионҳо исроилӣ дар маърази ҳамлаҳои мушакии Эрон қарор доранд.

Ин рӯзнома менависад, дар бандарҳои дигар, аз ҷумла Ҳайфо, Асқалон низ соҳибони қаиқҳои баҳрии хурд сафарҳоро барои фирори исроилиҳо созмондиҳӣ кардаанд ва нархи он хеле гарон аст.

“Онҳое ки мехоҳанд фирор кунанд, мегӯянд дигар намехоҳанд дар Исроил зиндагӣ кунанд ва мехоҳанд ба кишварҳое баргарданд, ки аз он ҷо омада буданд ва дар канори фарзандону наздиконашон бошанд. Ҷолиб он аст, ки фақат теъдоди ками исроилиҳо иқрор мекунанд, ки аз тарси мушакҳои Эрон фирор мекунанд, зеро касе ҷуръат намекунад дар ин хусус ошкоро сухан гӯяд”- менависад ин рӯзнома.

Яке аз капитанҳои қаиқ бо номи мустаори Муше гуфтааст: “Имрӯз баҳр тамоман ором нест. Сафар ба Қибрис бо қаиқи хурди баҳрӣ хатарнок аст. Медонед, ки дар баҳр чӣ шуморо метавонад интизор бошад? Мавҷҳои шадид, ҳолати бад, дилбеҳузурӣ ва ғайра. Дар асл исроилиҳо намедонанд, дар баҳр чӣ онҳоро интизор аст, аммо бо вуҷуди ин мехоҳанд фирор кунанд”.

Сокинони исроилӣ гуфтаанд, ки дар аввал қаиқронон барои интиқоли мусофирон 2500 шекел (воҳиди пули Исроил) мехостанд ва ҳоло бошад 6000 шекел талаб мекунанд.

“Ҳааретс” навишт, як оила бо фарзанди худ, ки мунтазири савор шудан ба қаиқ буданд, хомӯшона эътироф намуданд, ки бо сабаби ҷанг Исроилро тарк мекунанд: “Мо воқеан аз мушакҳо тарс дорем ва дигар хаста шудем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.