27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
18.06.2025 11:28

То соли 2034 Тоҷикистон 297 миллион қарзи неругоҳи “Сангтӯда – 1” –ро пардохт мекунад

Тоҷикистон аз ширкати муштараки русӣ-тоҷикии НБО “Сангтӯда 1” (“Сангтудинская ГЭС-1”) 297 миллион доллар қарздор аст ва бар асоси шартномаи нав ин қарзро то соли 2034 марҳила ба марҳила пардохт хоҳад кард. Дар парлумони Тоҷикистон ин масъала баррасӣ шудааст.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар хусуси истифодаи Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда 1”, ки 30-уми июли соли 2009 имзо шуда буд, тағйирот ворид ва қабул карда шуд. Мақсади протокол устувор кардани вазъи молиявии шаркати “Барқи тоҷик” арзёбӣ мешавад.

Тибқи созишномаи нав, ҳаҷми умумии саҳмияҳои тарафҳо дар лоиҳа 847 миллион доллар мушаххас шуд. Муҳлати баргардонидани сармоягузориҳо аз 20 сол то ба 35 сол, яъне то соли 2048 тамдид карда мешавад. Ҳамзамон, аз соли 2025 истифодаи тарифҳои имтиёзноки нерӯи барқ оғоз мешавад, ки сатҳи он дар соли аввал 1,5 сент ва то соли 2032 ба 2,2 сент хоҳад расид.

Ин тағйирот имкон медиҳад, ки миқдори қарзҳои ҷамъшуда баробар ба 3, 257 миллиард сомонӣ то соли 2034 пурра ҳисоб шаванд ва ҳамзамон тарифи хариди неруи барқ камтар аз сатҳи имрӯза нигоҳ дошта шавад. Аз соли 2033 то соли 2048 тариф дар сатҳи 3,3 сент устувор боқӣ мемонад.

Таҳлили молиявӣ самаранок будани созишномаро барои давраи 2025-2049 баробар ба 588 миллион доллар пешбинӣ мекунанд.

Ин иқдом дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба беҳтар шудани вазъи молиявӣ ва таъмини устувори таъминоти барқ дар кишвар мусоидат менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.