Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қосим-Жомарт Тоқаев ба Чин 1,5 ҳазор Сайгак туҳфа мекунад
Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон эълон кард, ки кишвараш ба ҳукумати Чин 1,5 ҳазор сайгак барои афзоиш додани шумораи ин намуди ҳайвон дар қисмати ғарбии Чин тақдим хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Қосим-Жомарт Тоқаев гуфтааст, ки бо ин иқдом Қазоқистон мехоҳад ба афзоиш ёфтани шумори сайгак дар кишвари ҳамсоя кумак расонад. Президенти Чин Си Ҷинпин аз ин иқдоми президенти Қазоқистон сипосгузорӣ кардааст.
Қазоқистон беш аз 98 фоизи шумораи сайгак дар ҷаҳонро дорад. Дар охири соли 2023 ҳунарпешаи машҳури ҷаҳонӣ Леонардо Ди Каприо ҳукумати Қазоқистонро барои хазматҳояш дар ҳифзи ин навъи ҳайвони нодир тавсиф карда буд.
Фермерони қазоқистонӣ дар баҳори соли 2025 гуфтанд, ки афзоиши миқдори зиёди сайгакҳо метавонад мушкилот ба вуҷуд орад. Онҳо гуфтаанд, ки зиёд шудани шумораи сайгак дар Қазоқистон осеб дидани дигар бахшҳои соҳаи парвариши ҳайвонот хоҳад шуд.
Гуфта шудааст, ки ин иқдом дар доираи ҳамкории экологии миёни Қазоқистон ва Чин бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва эҳёи навъҳои нодири ҳайвонот роҳандозӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”