Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Садамаи нақлиётии дигар дар шоҳроҳи Душанбе –Чаноқ
Дар километри 127-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чаноқ бар асари бархӯрди ду воситаи нақлиёт ҳафт нафар захмӣ шуданд. Рӯзи сешанбе дар ин бора филиали ширкати «IRS» - масъули нигоҳдории роҳи мазкур хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, мошинҳои тамғаи Mercedes ва Opel ба ҳам бархӯрд мекунанд ва дар натиҷаи ин ҳодиса мусофирони ин мошинҳо захмӣ мешаванд. Ба мусофирони захмишуда ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад.
Масъулони «IRS» зикр кардаанд, ки пешгирӣ аз оқибатҳои фоҷеабор маҳз ба туфайли насби парапетҳои муҳофизатии вазин имкпонпазир гардид. Ин парапетҳо, ки ҳар яке беш аз 2,5 тонна вазн доранд, мошинҳоро аз афтодан ба дарё дар канори роҳ боз доштаанд.
Ширкат гуфтааст, ки чунин навъи таҷҳизоти муҳофизатӣ дар қисмҳои хатарноки роҳ пайваста насб шуда, борҳо ҷони шаҳрвандонро ҳифз намудааст. «IRS» таъкид мекунад, ки кори ҷиддии онҳо дар самти таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”