Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Данғара: Ҳолати омодабошии нерую воситаҳои ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ санҷида шуд
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чорабиниҳои санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ гузаронида шуд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, масъулини роҳбарикунандаи вазорат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо иштирокчиёни ҷамъомаду машғулиятҳои таълимии мазкур аз наздик суҳбат намуда, ҳадафи баргузории ҷамъомадро, ки пеш аз ҳама омодабошии ситоди мудофиаи ҳудудии ноҳия, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, инчунин, захираҳои сафарбарии таъйингардида ба қисмҳои ҳарбӣ мебошад, баён доштанд.
Гуфта мешавад, ки ҳолати омодагии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар қувваву воситаҳои ба ҷамъомад пешбинигардида мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад як қатор падарону модароне, ки фарзандонашон дар сафи Артиши миллӣ хизмати намунавӣ карда истодаанд, бо сипосномаи Вазорати мудофиат сарфароз гардонида шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”