27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:25, Душанбе
17.06.2025 15:09

Ҳамлаи мушакии Эрон муассисаи илмии “Вайзман”-и Исроилро бо пажӯҳишҳои даҳсолааш нобуд кард

Дар шаби гузашта Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Исроил муассисаи илмии “Вайзман”-ро, ки дар ҷануби Тел-Авив воқеъ буд, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор доданд. Дар натиҷаи ҳамла муассисаи “Вайзман” бо таҳқиқоти илмии даҳсолааш комилан нобуд шудааст.

Хабаргузории “Меҳр” –и Эрон бо такя ба расонаҳо навишт, ҳамлаи мушакии ахири Эрон ба муассисаҳи таҳқиқотии “Вайзман” дар шаҳри Реховот, ба назари аксари коршиносони исроилӣ, ҳодисаи тасодуфӣ набуд. Ин иқдоми ҳадафмандона барои зарба задан ба яке аз муҳимтарин марказҳои илмӣ ва фанноварии Исроил ба шумор меравад. Ин марказ рамзи бартарии илмӣ ва технологияи исроилӣ дониста мешавад.

Дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ хисоратҳои бесобиқа ба биноҳо, лабораторияҳо ва таҷҳизоти ҳассоси ин муассисаи илмӣ ворид шудааст. Ин ҳамла натиҷаи таҳқиқ ва бозёфтҳои илмии даҳсолаҳоро комилан ба хокистар табдил кард.

Рӯзномаи ибризабони «The Marker» менависад, ҳамла ба муассисаи “Вайзман”, ки асосан ба таҳқиқоти бунёдӣ машғул буд, аммо ба таври ғайримустақим бо бахши низомӣ, чун физика, биотехнология ва зеҳни сунъӣ шамкорӣ мекард, хисоратҳои ҷуброннопазир ба вуҷуд овардааст.

Аксҳои нашрушуда нишон медиҳанд, ки бинои муассиса сӯхта, тирезаҳояш шикаста, симҳои барқ овезон ва дар фарши он обҳои оташфишонӣ ҷамъ шудааст. Ҳаҷми хисороти воридшуда замоне ба чашми мардум расид, ки кормандони он дар хусуси ҳодисаи зери мушак қарор гирифтани муассиса дар расонаҳо суҳбат намуданд.

“Дар камтар аз 15 дақиқа тасвирҳо расид, дидем, ки лабораторияе, ки 22 сол хонаи ман буд, дар оташ месӯзад. Се ошёна пурра фурӯ рехт. Ҳеч чиз намонд, таърих, илм, тасвирҳо, ёддоштҳо, ҳама чиз нобуд шуд”- мегӯяд профессор Элдад Тсахор, муҳаққиқи бахши молекулиявии ҳуҷайра дар муассисаи мазкур.

Муассисаи “Вайзман” рӯйи бемориҳои қалбӣ кор мекард. Профессор Элдад Тсахор мегӯяд, ҳазорон намунаи қалби инсон ва ҳайвонот дар он нигоҳдорӣ мешуд, ки ҳама аз байн рафтанд. Мегӯяд ин хисорот фақат нобудшавии таҷҳизот нест, балки маҳвшавии як бойгонии илмӣ аст.

Лабораторияи профессор Ирон Сигал дар бахши илмҳои компютерӣ низ комилан аз байн рафт. Як гурӯҳи 50 нафара дар зери назари ӯ рӯйи лоиҳаҳои тиббиии асосёфта бо зеҳни сунъӣ кор мекарданд. Онҳо кӯшиш кардаанд, ки ҳазорон намунаҳои гаронбаҳои биологиро аз яхдонҳои 80 дараҷаӣ ба лабораторияҳои дигар интиқол диҳанд. Вале бахши бузурги таҷҳизот бо арзиши миллионҳо доллар осеб дидаанд.

Профессор Шариэл Флейшман, донишманди соҳаи биохимия мегӯяд: “Ин ҷо фақат дастгоҳҳои гаронбаҳо нестанд, ки аз даст рафтаанд, балки даҳсолаҳо таҷриба ва танзимоти илмии дақиқ нобуд шуданд. Наслҳое аз таҳқиқоти илмӣ барбод рафт”.

Лабораторияи профессор Лиат Карин дар заминаи харитасозии амнияти ҳуҷайравии саратонҳо бо истифода аз тасвиргарии молекулиявӣ ва зеҳнӣ кор мекард, комилан аз байн рафтааст.

Профессор Орден Шулдинер, пажӯҳишгари собиқадори муассиса мегӯяд: “Гӯё лабораторияи мо дар ҳаво маҳв шуд. Солҳо кор, маҷмуаҳои нодири ДНК, ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва навъи махсуси магасҳои тағйириёфтаи генетикӣ, ҳама дар як лаҳза нобуд шуданд. Ин натиҷаи заҳмати шабонарӯзии донишҷӯён буд”.

Бар асоси гуфтаи коршиносон барои аз нав барқарор кардани муассиса тақрибан ду сол вақт лозим аст.

Орден Шулдинер бо ишора ба низоъҳои ахири Исроил гуфт: “Масъала фақат Эрон нест, балки таъсири амиқ аз ояндаи Исроил аст. Оё мо ҷуз нафрат ва хушунат ояндаи дигаре дорем?”

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.