Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Ҳамла ба бинои Садо ва симо нишонаи тарсуии Исроил аст”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамлаи Исроил ба бинои телевизиони “Садо ва симо”-и Эрон гуфт, ки ин нишондиҳандаи тарсуии Исроил аст.
“Ин ҳамла нишонаи барзургтарин тарсуии онҳо аст. Вақте ки дар ҷабҳаи як набарди воқеӣ муваффақ намешаванд, ба як маркази шаҳрвандӣ, ки танҳо ҳақиқатро инъикос мекунад, ҳамла мекунанд”- гуфт Аббос Ироқчӣ.
Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, исроилиҳо фикр мекарданд, агар фармондеҳони моро тарконанд ё ба баъзе аз марказҳо ҳамла кунанд, Ҷумҳурии Исломӣ ончунон суст мешавад, ки гӯё дасташро боло мебардорад. Аммо “онҳо миллати Эронро нашинохтаанд ва таҷриба накардаанд.
“Мо ҳашт сол ҷангидем ва бо қаҳрамонӣ дифоъ кардем ва пас аз он бар ҳамаи таҳримҳо ва фишорҳо муқовимат намудем. Бинобар ин, онҳо дар амал ноумед шуданд. Фармондеҳони мо фавран иваз шуданд ва неруҳои мусаллаҳи мо омодагии худро нишон доданд”- таъкид намуд Аббос Ироқчӣ.
Ӯ ҳушдор дод, душманон бидонанд, ки бо роҳи низомӣ ба ягон ҳалли масъала намерасанд ва наметавонанд миллати Эронро ба зӯр водор ба қабули талабҳои худ кунанд.
Хабаргузории Ирно хабар дод, ки Исроил ба Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла кард.
Дар пайи ҳамла ба бино, раёсати робита бо ҷомеаи Садо ва симо аз тамошонбинон хост, ки дар сурати рӯй додани халали сигнал пахши барномаҳоро ба воситаи платформаи “телебион” дунбол кунанд. Режими Исроил студияи пахши зиндаи “Хабар” –и Эронро мавриди ҳадаф қарор дод. Тибқи гузориш, дар ҳамлаи Исроил 3 нафар хабарнигори эронӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”