Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Иффату покдомании зани тоҷикро паст мезад. Боздошти фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе боз аз дастгиру ҷаримабандии фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки пайваста бо алфози қабеҳ ва либосҳои нимурён дар интернет намоён мешуд.
Мақомоти интизомӣ дар пойтахт Пирумшозода Меҳрона, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Ҷонона маъруф аст, бо ҷурми мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ғайриахлоқӣ нашр кардан, дастгир кард.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки агарчи номбурда қаблан барои такрор накардани гуфтору кирдораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ расман огоҳонида шуда буд, вале ислоҳ нашуд.
Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардида, аз ҷониби Суд нисбат ба Пирумшозода Меҳрона ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо даст назадан қатъиян огоҳонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Пирумшозода Меҳрона бо тахаллуси Ҷонона пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ғайриахлоқӣ нашр карда, бо ин роҳ мехоҳад диққати мардумро зиёдтар ҷалб намояд. Ҳатто дар шабакаҳои Тик-Ток ва Инстаграм чандин саҳифаҳое ҳастанд, ки бо номи ӯ фаъоланд ва аксу наворашро нашр мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”