27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ҷеннифер Лопес дар Тошканд консерт медиҳад. Билетҳоро аз Тоҷикистон ва 35 кишвари ҷаҳон харидаанд
Ҷеннифер Лопес ситораи маъруфи эстрадаи ҷаҳонӣ ҳафтаҳои наздик дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон консерт медиҳад ва бар асоси иттилоъ сокинони Тоҷикистон низ билетҳои консерти ӯро харидаанд.
Эълони баргузор шудани консерти ситораи маъруфи эстрадаи ҷаҳон Ҷеннифер Лопес таваҷҷуҳи зиёди сокинони Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.
Расонаҳои ӯзбекӣ хабар медиҳанд, ки бо наздик шудани рӯзҳои баргузории консерт таваҷҷуҳи сокинони Ӯзбекистон ва 35 кишвари хориҷӣ ба консерт зиёд шуда, шумораи харидорони билетҳо афзудааст. Тибқи иттилоъ, беш аз 35 кишвари ҷаҳон билетҳои консерти Ҷеннифер Лопесро харидаанд.
Ширкати ӯзбекистонии фурӯши билет бо номи “iTicket.uz” иттилоъ дод, ки 40 фоизи билетҳои шаҳрвандони хориҷӣ харидаанд. Гуфта мешавад, сокинони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, ҳамчунин, кишварҳои дуртар Амрико, Британияи Кабир, Олмон, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Канада ва Арабистони Саудӣ билетҳои консерти Ҷениффер Лопесро харидаанд.
Расонаҳои ӯзбекӣ менависанд, ки ин рақам таваҷҷуҳи баланди байналмилалӣ ба ин рӯйдоди фарҳангиро нишон медиҳад. Омадани шумори бештари тамошобинони хориҷӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон таъсири мусбат хоҳад гузошт. Интизор меравад, шумори муштариёни меҳмонхонаҳо биафзояд, харид ва истеъмол афзоиш ёбад ва соҳаҳои хизматрасонӣ – аз тарабхонаву нақлиёт то барномаҳои сиёсӣ ва фурӯши туҳфаҳои ёдгорӣ рушд кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”