Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазорати хориҷаи Русия ҳамлаи Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо нашри изҳорот ҳамлаи низомии Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эронро шадидан маҳкум намуда, гуфт, ки он нақзи ошкорои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст.
“Ҳамлаи беасоси низомӣ ба як кишвари мустақили аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳрҳо ва шаҳрвандонаш, ҳамчунин, ба зерсохторҳои энергетикии атомӣ тамоман ғайриқобили қабул мебошад” – зикр шудааст дар изҳороти ВКХ –и Русия.
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид намудааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ наметавонад ба чунин амалиётҳои вайронгар, ки сулҳи минтақавӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузорад, бетафовут бошад. Ин вазорат афзуд, ҳамлаи Исроил дар замони баргузории нишасти Шурои мудирони Агентии байналмилалии атомӣ ва дар остонаи марҳили нави музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико сурат гирифт, ки ба воқеиятҳои мавҷуд шубҳа ва бадбинии бештар зам мекунад.
Дар изҳорот зикр мешавад, ки чунин иқдоми Исроил кӯшишҳои бисёрҷонибае, ки бо душворӣ барои коҳиши таниш ва рафъи шубҳаҳо дар робита ба Барномаи сулҳомези атомии Эрон анҷом мешуданд, зери хатар қарор медиҳад.
“Ҳоло рӯшан аст, ки Исроил ба таври огоҳона тасмим гирифтааст, шиддати вазъро афзоиш диҳад. Аз ин рӯ, масъулияти ҳамаи паёмадҳои эҳтимолии ин иқдоми таҳриккунанда бар дӯши мақомоти расмии он хоҳад буд” – мегӯяд ВКХ – Русия.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ба қатъномаи зиддиэронии Шурои мудирони Агентии байналмилалии атомӣ, ки як рӯз қабл аз ҳамла тасвиб шуд, ишора намуда, таъкид кард: “Умед дорем кишварҳои аврупоӣ, ки ин қатъномаи якҷонибаро пеш бурданд ва дар нишасти охир ба тасвиб расониданд, ба паёмадҳои фоҷеабори роҳбарии хатарноки худ огоҳ шаванд ва масъулияти худро дар ин вазъият дарк намоянд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”