Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
300 нафар сайёҳони қазоқистонӣ дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар мондаанд
Бо оғоз шудани ҷанги Эрону Исроил ва бо баста шудани парвозҳои ҳавоӣ тақрибан 300 нафар сайёҳони қазоқистонӣ дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар мондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд.
Айбек Самадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар нишасти мабуотӣ гуфт: “Айни ҳол бо сабаби лағви парвозҳои як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ба Қазоқистон раванди бозгашти тақрибан 300 шаҳрванди мо душвор шудааст. Аксари онҳо сайёҳонанд. Ҳамкорони мо аз сафорат дар маҳал фаъолона кор мекунанд. Тибқи созишҳои бадастомада бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик беш аз нисфи шаҳрвандон ба Ватан баргарданд”.
Ӯ афзуд, ки рӯзи 14-уми июн Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон бо нашри муроҷиатномаи расмӣ аз манъи парвозҳо ба фазои ҳавоии Эрон, Исроил, Сурия, Ироқ, Урдун, Лубнон хабар дода буд. Ин тасмим дар робита ба шиддат гирифтани амалиёти ҷангӣ дар минтақа қабул шуд.
“Тавсия дода мешуд, ки шаҳрвандон дар банақшагирии сафарҳои худ, хусусан ба кишварҳои Халиҷи Форс ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ эҳтиёткор бошанд. Бо вуҷуди огоҳӣ, ҳавопаймоҳои Қазоқистон дар рӯзҳои охир бо мусофирони пур ба ҷониби Аморати Муттаҳидаи Арабӣ парвоз карданд” - гуфт Самадияров.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”