Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин ва Эрдуғон ҳамлаи Исроил бар зидди Эронро маҳкум карданд
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар суҳбати телефонии имрӯз ҳамла ва таҷовузи Исроил ба хоки Эронро маҳкум намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Русия хабар дода, зикр кард, ки роҳбарони ду кишвар дар хусуси поён додани фаврии низоъ, ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, аз ҷумла масъалаҳои Барномаи атомии Эрон гуфтугӯ намуданд.
“Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин, хостори поёни фаврии хусуматҳо ва ҳаллу фасли масоили мавриди ихтилоф, аз ҷумла мавориди вобаста бо Барномаи атомии Эрон, сирфан аз тариқи роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ шуданд”- менависад дафтари матбуоти президенти Русия
Таъкид мешавад, ки президенти Русия ва Туркия нигаронии ҷиддии худро нисбат ба “шиддат гирифтани низоъ”-и миёни Исроил ва Эрон иброз доштаанд.
Қабл аз ин президенти Русия дар тамоси телефонӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфта буд, ки бозгашт ба раванди музокира ва ҳалли масъалаҳои Барномаи атомии Эрон бояд фақат тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ сурат гирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”