27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
16.06.2025 17:17

Дипломати покистонӣ: “Исроил танҳо барои Эрон таҳдид нест, балки хатари ҷиддӣ барои Покистон низ аст”

Шамшод Аҳмадхон, муовини пешини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфт, ки ҳадафҳои режими Исроил нисбат ба Эрон амалӣ нахоҳад шуд ва Теҳрон ба душмани таҷовузкор сабақи таърихӣ хоҳад дод.

Ӯ бо ишора ба ҳамлаҳои Исроил ба хоки Эрон гуфт, яке аз ҳадафи ин ҳамлаҳо нобуд кардани муассисаҳои атомии Эрон буд, аммо ин муассисаҳо дар умқи замин мавқеъ доранд ва бо ҳамлаҳои мушакӣ имкон надорад, ки онҳо нобуд шаванд.

“Ҳадафи дуюми ин ҳамлаҳо тағйири низоми Эрон аст, аммо аҳамияти махсус ин аст, ки мардуми Эрон дар баробари режими Исроил муттаҳид шуда, аз ҳокимияти худ ҳимоят кардаанд. Тағйири низоми Эрон ғайримумкин аст ва мардуми Эрон ба даъватҳои мақомҳои Исроил таваҷҷуҳ намекунанд, балки баръакс эҳтимолияти ғазаби мардумӣ бар зидди ҳукумати Исроили ишғолгар вуҷуд дорад”- афзуд Шамшод Аҳмадхон.

Шамшод Аҳмадхон, ки қаблан ҳамчун намояндаи Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид ифои вазифа карда буд, гуфт Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз хатои муҳосиботӣ кард:

“Амрико ин ҳамларо ба воситаи Исроил анҷом дод. Қабл аз расидан ба созиш, ин амалиётро ба ҳайси василаи фишор истифода кард, бидуни он ки ҳадди ақал фикре дар хусуси вокуниши Эрон дошта бошад.

Эрониҳо мардуми шуҷоъ ҳастанд ва албатта, дарси сахт ба Исроил медиҳанд. Ҳоло Эрон ҳуқуқи комил барои посух доданро дорад ва дар қарори худ пурра озод аст”- гуфт Шамшод Аҳмадхон.

Ӯ афзуд, ки пас аз хориҷ шудани Амрико аз созишномаи атомӣ, ҷиноятҳои нави Исроил ва нақзи ваъдаҳо барои бардоштани таҳримҳо эҳтимол дорад, ки Эрон низ аз созишномаи «NPT» хориҷ шавад.

Шамшод Аҳмадхон дар бораи талошҳо барои оташбас гуфт, ки аз кишварҳои минтақа ҳеч интизор надошта бошед.

“Дар сафари охири Трамп ба кишварҳои соҳили Халиҷи Форс равшан буд, ки ӯ бо тиҷорат машғул аст. Ӯ на сиёсатмадор аст ва на дипломати касбӣ, балки як соҳибкор ва казинобоз аст, ки ҳар ҷо манфиаташро мебинад, ҳамон ҷо амал мекунад. Аз ин рӯ, Трамп ба ҳеч ваҷҳ қобили эътимод нест ва аз шоҳзодагони араби минтақа низ ҳеч интизоре набояд дошт”- таъкид кард Шамшод Аҳмадхон.

Ин дипломати кӯҳнакори покистонӣ афзуд, пас аз ҳамлаи ҷавобии Эрон лафзи Трамп тағйир ёфт, ҳоло дар бораи дипломатия ва оташбас сухан мегӯяд, ҳатто ҳаракатҳои Чин ва Русия низ мушоҳида мешавад. Кишварҳои муттаҳиди Амрико, ба мисли Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон низ таъкид доранд, ки масъала бояд ба воситаи дипломатия ҳал шавад, зеро Исроил зарарҳои ҷиддӣ дида истодааст.

“Эрониҳо ҳар ҷо хоҳанд ҳамла мекунанд ва кишварҳои ғарбӣ фаҳмидаанд, ки низоми дифоии Исроил наметавонад бар зидди дронҳои эронӣ муқовимат кунад. Агар ҳамлаҳо идома ёбад, буҳрони нафт дар ҷаҳон ба вуҷуд хоҳад омад, ки ин боиси шокҳои иқтисодӣ дар кишварҳое, ба мисли Аврупо, Ҷопон ва Чин хоҳад шуд”- афзуд Шамшод Аҳмадхон.

Ӯ илова кард, ки таҳдиди Исроил танҳо бар зидди Эрон нест, балки Покистон низ дар хатари ҷиддӣ қарор дорад: “Мардуми мо ҳамеша барои чунин таҳдидҳо омодаанд ва мо ягон имкониятро аз даст нахоҳем дод. Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳама барои муқобила бо ин таҳдид муттаҳид шавем.

Мардуми Покистон бо тамоми ҳастии худ дар канори Эрон истодаанд ва мо ҳукумати Покистон низ ҳамбастагии худро бо Эрон ошкоро эълон мекунем. Исроил танҳо барои Эрон таҳдид нест, балки хатари ҷиддӣ барои Покистон мебошад” – таъкид кард Шамшод Аҳмадхон

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.