27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
16.06.2025 16:54

Қирғизистон аз сафири Амрико шарҳи расмии маҳдудияти раводиди Амрикоро талаб мекунад

Баъди нашри хабари ҷорӣ шудани маҳдудияти сафари шаҳрвандони Қирғизистон ба Амрико Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар вокуниш нишон дод.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, намоядаи сафорати Амрикоро барои гирифтани шарҳи расмӣ оид ба маҳдудияти сафари эҳтимолии шаҳрвандони Қирғизистон ба Амрико ба Вазорат даъват хоҳад кард.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфт, то ҳол ҳеч гуна иттилои расмӣ аз ҷониби Амрико ба мақомоти қирғиз дар хусуси ҷорӣ шудани маҳдудияти гирифтани раводиди Амрико ирсол нашудааст. Ин вазорат мегӯяд, бо вуҷуди ин, нашри хабари маҳдудияти сафари шаҳрвандони қирғиз ба Амрико дар фазои маҷозӣ нигарониҳоро ба бор овардааст, бахусус дар шароите, ки меъёрҳои рӯйхати кишварҳо ҳанӯз мушаххас ва рӯшан нест.

Ин вазорат таъкид намудааст, ки вазъиятро зери назари доимӣ қарор дода, ба гуфтугӯи созанда бо ҷониби Амрико умед мебандад. Таъмин намудани сафари озоданаи шаҳрвандони Қирғизистон ба хориҷ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сиёсати хориҷии кишвар мебошад.

Дар як иқдоми нав ҳукумати Доналд Трамп қарор баровард, ки сафари шаҳрвандони 36 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қирғизистон ба Амрико маҳдуд карда мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.