Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистон ва Қирғизистон форуми муштараки сармоягузорӣ баргузор мекунанд
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Эрлан Абдилдаев, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаи густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишварро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Тибқи иттилоъ, мулоқот рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои ташкил ва баргузор намудани форуми сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ояндаи наздик баён кардаанд.
Дар мулоқот самтҳои умедбахши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт ва тиҷорати марзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузор намудани як форуми иқтисодӣ метавонад боиси таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармояҳои нав дар ду кишвар шавад.
Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳайси як платформаи муҳимми гуфтугӯ миёни соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар арзёбӣ мешавад ва метавонад ба оғози лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат намояд.
Бар асоси иттилоъ, масъалаҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ, имкониятҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи форум ба таври муфассал баррасӣ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”