27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
16.06.2025 14:36

Эрон дар 48 соати гузашта бо даҳҳо бесарнишини интиҳорӣ ба Исроил ҳамла кардааст

Неруҳои мусаллаҳи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил дар 48 соати гузашта бо даҳҳо бесарнишин минтақаҳои мухталифи Исроилро мавриди ҳамла қарор додаанд.

Амир Каюмарс Ҳайдарӣ, фармондеҳи Неруҳои заминии артиши Эрон хабар дод, ки баъди ҳамлаи ваҳшиёнаи режими Исроил бесарнишинҳои нуқтазани Неруҳои мусаллаҳи артиш, ҳамзамон миқдори зиёди мушакҳои баллистикии ҳавоии неруҳои Сипоҳи посдорон ба сӯи минтақаҳои ҳассоси шаҳрҳои Исроил партоб шуданд. Ӯ афзуд, ки берсарнишин ва мушакҳо бо муфаққаият ба ҳадафҳои мавриди назар бархӯрд намуданд.

Тибқи иттилоъ, дар ин амалиёт Неруҳои мусаллаҳи артиши Эрон аз бесарнишини “Ораш”, ки бурди 2000 километрро дорад, истифода кардаанд. Ин бесарнишин дорои қудрати бузурги харобкорӣ буда, бо сарҷангии бисёр қавӣ қобилияти мавриди ҳамла қарор додани иншооти стратегиро дорад.

Қабл аз ҳамлаи Исроил артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар машқҳои низомӣ ҳамла бо воситаи бесарнишини “Ораш” ба киштиҳои Исроилро тамрин карда буд.

Мақомоти низомии Эрон гуфтаанд, ки тайи як рӯзи ахир аз силоҳҳои нави сохти Эрон дар ҳамла ба Исроил истифода кардаанд.

Дар як шаби гузашта Эрон бо чанд мавҷи ҳамлаи мушакӣ ба Исроил ҳамла кард. Тибқи иттилои расонаҳо дар ҳамлаҳои Эрон муассисаҳои стратегии Исроил, аз ҷумла биноҳои низомӣ, неругоҳҳои барқӣ ва полишгоҳи нафт осеби ҷиддӣ дидаанд. Мақомоти низомии Эрон гуфтаанд, ки бар ивази ҳар як ҳамлаи Исроил як минтақаи стратегии ин кишварро мавриди ҳамла қарор хоҳанд дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.