27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:25, Душанбе
16.06.2025 09:17

Трамп вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Амрикоро манъ мекунад

Ҳукумати Доналд Трамп тасмим гирифтааст, ки ворид шудани шаҳрвандони 36 кишвар, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро манъ кунад. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ хабар дода, навиштаанд, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико шеваи иҷрои қарори Трампро таҳия мекунад.

Тибқи иттилоъ, ба рӯйхати нави манъи додани раводид ва сафар ба Амрико баъзе кишварҳои муттаҳиди он, аз ҷумла Миср, Ҷибути, кишварҳои ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором шомил мешаванд.

Ин қарори нав ба воситаи Марко Рубио, Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имзо шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо имзои ин қарор ба дипломатҳои кишварҳои зикршуда иттилоъ додааст, 60 рӯз вақт доранд, то меъёрҳо ва шартҳои пешниҳодшударо иҷро кунанд.

Кишварҳое, ки дар ин рӯйхат қарор доранд, инҳоянд: Ангола, Антигуа ва Барбуда, Бенин, Бутан, Буркина –Фасо, Кабо-Верде, Камбоҷа, Камерун, Ҷумҳурии демократии Конго, Ҷибути, Доминика, Эфиопия, Миср, Габон, Гамбия, Гана, Соҳили Марҷон (Кот-д Ивуар), Қирғизистон, Либерия, Малави, Мавритания, Нигер, Нигерия, Сент-Китс ва Невис, Сент-Лусия, Сан-Томе Принсипи, Сенегал, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Танзания, Тонга, Тувалу, Уганда, Вануату, Замбия ва Зимбабве мебошанд.

Амрико қаблан ворид шудани шаҳрвандони Афғонистон, Маянмар, Чад, Ҷумҳурии Конго, Гвенияи Экватори, Эритрия, Ҳаити, Эрон, Либия, Сомали, Судон ва Яман ба Амрикоро пурра манъ карда буд. Ҳамчунин, воридшавии мусофирон аз кишварҳои Бурунди, Куба, Лаос, Сиерра-Леоне, Того, Туркманистон ва Венесуэла ба хоки Амрико маҳдуд  шуда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.