Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳабиб Нурмагамедов гуфт, ки кай аз варзиш меравад
Ҳабиб Нурмагамедов, собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук дар мусоҳибаи охираш бо ташкилоти мазкур гуфт, ки ният дорад ба наздикӣ аз варзиш биравад ва дигар фаъолияти мураббигӣ накунад.
“Ман фикр мекунам, ки 7-8 сол шуд тими мо дар сатҳи баланди варзишӣ қарор дорад. Варзишгарони мо дар ташкилотҳои гуногуни Ҷопон, Шарқи Наздик, Аврупо ва Амрико дар сатҳи баланд меҷанганд ва камарбанди чемпионии хеле зиёд дорем. Бо ин бачаҳое, ки ҳоло тамрин медиҳам, солҳои зиёд аст, ки кор мекунам ва ба хулосае омадам, агар ҳаминҳо корномаашонро ба охир расонанд, ман ҳам аз варзиш меравам”, - гуфтааст Нурмагомедов.
Тавре маълум мегардад, санаи дақиқи қатъи фаъолияти мураббигии Нурмагамедов гуфта намешавад.
Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, яке аз варзишгароне, ки Ҳабиб Нурмагомедов тамрин медиҳад Ислом Махачев мебошад. Номбурда камарбанди чемпиониро дар вазни сабук чор маротиба ҳимоя карда, онро озод намуд ва интизор меравад, ки барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна рақобат кунад.
Размкори муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагамедов дар ММА ҳамчун варзишгари бебохт корномаашро бо ҳисоби 29:0 ба анҷом расонд ва аз соли 2021 инҷониб ба фаъолияти мураббигӣ машғул аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”