Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Генерали покистонӣ: “Посухи Эрон ба Исроил ҳайратовар ва боиси ифтихор аст”
Генерал Наим Лодӣ, муовини пешини Вазорати дифои Покистон бо ишора ба посухи шадиди неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими Исроил гуфт, ки ин посух сабаби сардаргумии ин режим ва ҳомиёни он шуд. Ӯ афзуд, ки амалиёти Эрон ҳайратангез ва ифтихорофарин барои кишварҳои дӯст ва ҷаҳони Ислом аст.
Генерали покистонӣ дар суҳбат бо телевизиони покистонии “BOL News” гуфт: “Коре, ки эрониҳо бо Исроил карданд, барои худи он режим ва ҳомиёнаш, аз ҷумла Амрико ғайриқобили пешгӯӣ буд”.
Ӯ бо нигаронӣ аз шиддат гирифтани танишҳо дар минтақа ва маҳкум кардани равиши таҷовузкоронаи Исроил нисбат ба Эрон гуфт, исроилиҳо чунин фикр мекарданд, ки пас аз ҳамлаҳояшон Эрон ниёз ба вақт пайдо мекунад, то вазъро арзёбӣ кунад, аммо неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ҳамлаи ногаҳонӣ ва барқосо Исроилро ҳадаф қарор доданд, ки воқеан ҳайратангез аст.
“Онҳо аз таърихи миллати Эрон чизе намедонанд ва намефаҳманд, ки ҳеч чиз наметавонад Ҷумҳурии Исломии Эронро ба таслим ва ақибнишинӣ водор созад”- гуфт генерали покистонӣ.
Муовини собиқи Вазири дифои Эрон афзуд, шакке нест, ки Исроил дар ин ҷанг танҳо нест ва дар саргаҳи пуштибониҳои Амрико қарор дорад, аммо ғарбиҳо аз таърих ва тамаддуни Эрон бехабар мебошанд. Эрон ва мардуми он дар тӯли таърих аз буҳронҳои бесобиқа гузаштаанд, аммо ҳаргиз таслим нашудаанд.
Генерали покистонӣ ҳамчунин, аз тавтеаи эҳтимолии Исроил барои густариши ҷанг бо истифода аз амалиёти парчами сохта дар минтақа ҳушдор дода, таъкид кард “дар мақоиса бо Исроил Эрон посухи худ ба таҷовузҳои Исроилро бо ҳисоби дақиқ ва санҷидашуда анҷом медиҳад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”