27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
14.06.2025 11:05

Тоҷикистон ба Британия лоиҳаи нахустин технопарки зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказиро муаррифӣ кард

Намояндагони Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Директорат оид ба илм, навоварӣ ва технологияҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамдилӣ ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дидор ва масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Бар асоси хабарҳо ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори рақамии устувор ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои вобаста ба “энергияи сабз” –ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Тоҷикистон ба шарикони байналмилалӣ лоиҳаи нахустини технопарки зеҳни сунъӣ бар Осиёи Марказӣ - Area AI-ро муаррифӣ кард. Ин лоиҳа илму таҳқиқот, ташаббусҳои таълимӣ, коркарди технологияҳои иттилоотӣ ва инфрасохтори устуворро, ки бар асоси сарчашмаҳои барқароршавандаи энергетикӣ бунёд меёбад, муттаҳид мекунад.

Яке аз меҳвари асосии мулоқот пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси минтақаи ҷаҳонии худтанзимкунандаи зеҳни сунъӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ бо номи “AI Sandbox” буд. Ин платформа барои озмоиши технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳалли рақамии устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин бахш заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.