Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд
Дар бемористони марказии ноҳияи Данғара ду коргоҳи нави истеҳсоли оксиген барои хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин иқдом ба беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ва таъмини эҳтиёҷоти беморон равона шудааст.
Яке аз ин коргоҳҳо дар шуъбаи таваллудхонаи бемористон бунёд шуда, барои занони ҳомила ва кӯдакони навзод дар ҳолатҳои зарурӣ хизмат хоҳад кард. Истеҳсоли оксиген барои нигоҳубини модару кӯдак ва наҷоти ҳаёти онҳо аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, ба ғайр аз беморони беморхонаҳои марказӣ, хизматрасонии оксиген ба беморхонаҳои дигар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи Данғара расонида хоҳад шуд.
Вазорати тандурустӣ таъкид намудааст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин ду коргоҳ истеҳсоли оксиген ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара беҳтар гардида, эҳтиёҷоти беморон ин ин муассисаи тандурустӣ пурра таъмин хоҳад шуд.
Ин иқдом дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бахусус модар ва кӯдак, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар мебошад, нақши муассир мебозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”