27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
14.06.2025 09:22

Эрон бо садҳо мушак ба Тел-Авив, Ҳайфо, Маркази атомии Домино ва муассисҳои низомии Исроил ҳамла кард

Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Исроил дар чанд марҳила бо садҳо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба муҳимтарин маркази атомӣ ва марказҳои низомии Исроил дар шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо ҳамла карданд.

Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо эълони амалиёти “Ваъдаи содиқ 3” бо садҳо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба шаҳрҳои Тел-Авив, Ҳайфо, Муассисаи атомӣ ва марказҳои низомии Исроил ҳамла карданд. Тибқи иттилоъ, мушакҳои Эрон ҳассостарин нуқтаҳои низомӣ дар шаҳри Тел-Авив ва Ҳайфоро мавриди ҳамла қарор доданд.

Амалиёти мушакии “Ваъдаи содиқ 3”, ки бо партоби садҳо мушак ба сӯйи сарзаминҳои ишғолӣ анҷом шуд, пойгоҳҳои низомии режими Исроил ва қароргоҳҳои вазорати ҷанги ин режим дар минтақаи Кирёти Тел-Авивро мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Аксҳои нашршуда аз шаҳри Тел-Авив нишон медиҳанд, ки мушакҳои эронӣ дақиқ ва муваффақона ба ҳадаф мерасанд. Тибқи иттилоъ биноҳои вазорати ҷанг, вазорати амнияти режими Исроил низ мавриди ҳадафи мушакҳои эронӣ қарор гирифтанд.

Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон чанде қабл дар баёнияи шумораи дувуми худ дар бораи амалиёти “Ваъдаи содиқ 3” гуфт, ки гузоришҳои саҳнавӣ, аксҳои моҳвораӣ ва иттилооти ҷосусӣ нишон медиҳад, ки даҳҳо мушаки балластик ба ҳадафҳои стратегии душман бархӯрд кардааст. Душман бо вуҷуди иддаои раҳгирӣ ва нобудӣ натавонист ба мавҷи ҳамлаҳои мушакии Эрон муқовимат кунад.

“Ин амалиёт бо ҳамоҳангии ҳамаи ниҳодҳо ва Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иқтидор ва ба таври ҳамлаварона анҷом шуд ва паёми асосии он ин аст, ки амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон хатти сурхи қувваҳои мусаллаҳ мебошад”- зикр кард Сипоҳи посдорони Эрон.

Тибқи иттилои Сипоҳ шаҳри бандарии Ҳайфо низ ба таври муваффақ мавриди зарба қарор гирифт ва сарчашмаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар мавҷи дувуми ҳамлаҳо тақрибан ҳафт нуқтаи Тел-Авив мавриди ҳамлаи мушакии Эрон қарор гирифтанд.

Манобеи исроилӣ гуфтаанд, ки шаби гузашта садҳо мушак аз қаламрави Эрон ба сӯи қаламрави режими Исроил партоб шудаанд. Бар асоси гузориш, баъди ба ҳадаф расидани мушакҳои Эрон дар чандин минтақаи ишғолӣ неруи барқ қатъ шудааст.

Шабакаи 14 –и режими Исроил бо истинод ба як мақоми амниятии исроилӣ хабар дод, ки эрониҳо ба воситаи таҳлили тасвирҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоии ибронӣ зарбаҳои дақиқи мушакҳои худро месанҷанд.

Бахши наҷот ва ёрии таъҷилии режими Исроил хабар дод, ки баъзе аз шаҳракнишинон дар дохили биноҳое, ки аз сӯйи мушакҳои эронӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, дар мондаанд. Нашряи “Ҳаартес” аз фурӯ рехтани як бинои 32 ошёна дар Тел-Авив дар натиҷаи ба ҳадаф расидани мушакҳои эронӣ хабар дод.

Дар дохили Исроил расонаҳо бо ишора ба ҳамлаи мушакии Эрон навиштанд, ки “мо дар вазъияти ғайриодӣ қарор дорем” ва садои занги хатар дар саросари Исроил ба садо даромадааст.

Телевизиони “Кан” хабар дод, ки шумораи маҷруҳони ҳамлаҳои мушакии Эрон ба 50 нафар расид. Қаблан расонаҳо аз маҷруҳ шудани 17 исроилӣ хабар дода буданд. Ҳамчунин, аз кушта шудани як исроилӣ хабар нашр шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.