Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Парчами мубориза дар замин намемонад”. Хоманаӣ роҳбарони нави низомии Эронро таъйин кард
Дар пайи кушта шудани роҳбарони аршади блоки низомӣ роҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ афроди ҷадидеро ба ҷойи онҳо мансуб кард.
Тибқи фармони роҳбари Эрон Сайид Абдурраҳим Мусавӣ раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ, Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон ва сарлашкар Алии Шодмонӣ, фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиё таъйин шуданд.
Расонаҳои Эрон дар пайи таъиноти ҷадид навиштанд, дар кӯтоҳтарин фурсат аз сӯйи фармондеҳи кулли қувва таъйин шудани фармондеҳони нав нишон медиҳад, ки низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломӣ ҳарчанд ғамдида ва захмдор аст, вале аз дер боз ба фикри чунин рӯзҳо будааст: “Афроде чун Боқирӣ, Саломӣ, Ҳоҷизода кам надорад. Пас бо рафтани яке парчам ба замин намемонад ва дигаре онро бардошта бо қудрати беш ба пеш меравад.
Гургҳо хуб бидонанд, дар ин қабила ҳарчанд падар мирад, туфанги падар ҳанӯз ҳаст” – навиштааст хабаргузории Тасним.
Ин хабаргузорӣ дар шарҳи таъиноти ҷадиди роҳбари Эрон афзудааст, ки роҳбари инқилоб низ дар ҳукми худ бо мазмуни мушобеҳ талаб намуданд, “тақвияти зарфият ва омодагии дифоии Неруҳои мусаллаҳ ва ҷамъ кардани мардум ва тавоноии посухдиҳӣ ба ҳар гуна таҳдид бар зидди низом” аз ҷониби фармондеҳони нав иҷро шавад.
“Шаке нест, ки онҳо солҳои зиёд дар канори ҳамразмони шаҳидашон дар майдони мубориза буданд ва таҷрибае, монанди рафтагон доранд, ин амонатро ба хубӣ ба манзили мақсуд хоҳанд расонд” – навиштааст Тасним.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”