Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон ба дарвозаи асосии ҳамлу нақли Чин ба Аврупо табдил меёбад
Қазоқистон нақши асосӣ дар долонҳои ҳамлу нақли минтақаи Авруосиёро мебозад ва қадам ба қадам ба яке аз муҳимтарин роҳҳои тиҷоратии миёни Чин ва Иттиҳоди Аврупо табдил меёбад. Бар асоси гузоришҳои охирин беш аз 80 фоизи ҳамлу нақли роҳи оҳан миёни ин ду қудрати иқтисодӣ ба воситаи қаламрави Қазоқистон анҷом дода мешавад.
Тибқи гузориши расонаҳои қазоқӣ Чин яке аз шарикони муҳимми Қазоқистон дар рушди қобилиятҳои транзитии ин кишвар ба шумор меравад. Қазоқистон имрӯз ба ҳайси шоҳроҳи аслии интиқоли бор аз Чин ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо шинохта шудааст.
Дар соли ҷорӣ аз пайвастшавии хатти роҳи оҳани Қазоқистон ва Чин аз тариқи гузаргоҳи Дӯстик – Алашанкоу 35 сол мегузорад ва ин нахустин долони байналмилалии Қазоқистон баъди ба истиқлол расидан аст. Дар соли 2012 гузаргоҳи дуюми Алтинкол – Хургос низ ба фаъолият оғоз карда буд.
Соли гузашта ҳаҷми ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳан дар миёни ду кишвар 32 миллион тонна буд ва фақат дар чор моҳи нахусти соли ҷорӣ бо афзоиши 13, 3 фоиз ба 11,4 миллион тонна расид. Пешбинӣ мешавад, ки то охири сол ин нишондиҳанда ба беш аз 33 миллион тонна мерасад.
Барои афзоиш додани иқтидори ҳамлу нақл Қазоқистон бунёди хати дуюми роҳи оҳан дар масири Дӯстлик – Мунти ва хати даврӣ дар атрофи истгоҳи Алматоро оғоз кардааст. Ҳамчунин, лоиҳаи бунёди хати Бахтм-Аягоз ва гузаргоҳи сеюми Бахти-Чугучак метавонад интиқоли миёни ду кишварро то 25 миллион тонна зиёд кунад.
Дар соли 2024 беш аз 2,8 миллион тонна бор ба воситаи мошинҳои боркаш байни Чин ва Қазоқистон интиқол ёфт, ки 41 фоизи афзоишро нишон медиҳад. Ҳамзамон ҳаҷми транзити нақлиётӣ 68 фоиз афзоиш ёфта, ба 3,6 миллион тонна расидааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ афзоиши 83 фоизӣ сабт шудааст. Нақшакашии бунёди шоҳроҳи Аврупои Ғарбӣ ва Чини Ғарбӣ ва ифтитоҳи ду гузаргоҳи нави марзӣ дар ҳоли амалишавӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”