Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хабари расмӣ. Дар ҳамлаи Исроил ба Кирмоншоҳи Эрон 1 кушта ва 31 нафар захмӣ шудаанд
Фармондеҳи шаҳри Қасри Ширин Муҳаммад Шофеӣ бо тасдиқ намудани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба шаҳри Қасри Ширин ва гузаргоҳи марзии Хусравӣ аз шаҳодати як нафар ва маҷруҳ гардидани 31 нафар ғайринизомӣ гузориш дод.
Муҳаммад Шофеӣ зикр кард, ки минтақаҳои ғайринизомӣ мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтанд. Ӯ афзуд, ки гузаргоҳи марзии Хусравӣ, ки яке аз минтақаҳои аслии ҳаракати зиёраткунанда ва муомилоти тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ба таври мустақим мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Фармондеҳи Қасри Ширин бо изҳори таассуф аз рӯй додани чунин ҳодисаи талх гуфт: “Минтақаҳои ғайринизомӣ дар ин ҳамла ба таври мустақим осеб дидаанд ва шуморе аз маҷруҳон, аз ҷумлаи шаҳрвандоне буданд, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд”.
Тибқи гузориши расонаҳо Исроил ба муассисаи атомии Натанзи Эрон низ ду бор ҳамла кардааст. Ҳанӯз дар бораи ҳаҷми хисорот ва талафот иттилоъ дар даст нест.
Созмони ҳавоии Эрон фазои ҳавоиро то иттилои сонӣ баста эълон кард. Мақомоти низомӣ ва роҳбарияти Эрон гуфтаанд, ки ба ҳамлаҳои Исроил посухи шадид ва сахт хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”