Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон Боқирӣ дар ҳамлаи Исроил кушта шуд
Раиси ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии режими Исроил кушта шудааст. Ин хабарро мақомоти расмии Эрон, аз ҷумла сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Эрон тасдиқ кардааст.
Хабаргузории Ирна ба нақл аз сарчашмаҳояш навишт, ки сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ, субҳи имрӯз дар ҷараёни ҳамлаи субҳгоҳии режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон ба шаҳодат расид.
Бар асоси хабарҳои ғайрирасмӣ дар ин ҳамла Алии Шумхонӣ, раиси собиқи Шурои амнияти Эрон низ шадидан захмӣ шудааст.
Ба гузориши расонаҳо субҳи имрӯз Исроил ба минтақаҳои мухталифи Эрон, аз ҷумла маҳалли аҳолинишин ҳамла намуд, ки бар асари он як қатор фармондеҳони аршади низомии ин кишвар кушта шуданд. Расонаҳои расмӣ то ба ҳол аз кушта шудани Ҳусайн Саломӣ, Ғуломалӣ Рашид ва писараш ва Муҳаммадмаҳдӣ Теҳрончӣ хабар додаанд.
Тибқи гузоришҳо дар пайи ин ҳамлаҳо сокинони ғайринизомии Эрон низ кушта шудаанд. Дар минтақаи зиндагии Муҳаммад Боқирӣ ҷасади панҷ ғайринизомӣ кашф шуд.
Дар ҳамин ҳол, Созмони ҳавоии Эрон хабар дод, ки тамоми парвозҳо то огоҳии баъдӣ дар фазои Эрон баста шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”