Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хоманаӣ: “Режими Исроил интизори ҷазои сахт бошад”
Дар паёми тозаи Оятуллоҳ Хоманаӣ вобаста ба ҳамлаи ҳавоии Исроил ва кушта шудани чанд нафар аз моқомдорони ин кишвар чунин оварда мешавад: “Режими саҳюнӣ дар саҳаргоҳи имрӯз дасти палид ва хунолуди худро ба ҷинояте дар кишвари азизамон кушод ва зоти хабиси худро бо задани марказҳои аҳолинишин беш аз гузашта ошкор кард. Режим бояд интизори ҷазои сахт бошад”.
Ӯ афзуда, ки дасти қудратманди Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ Исроилро раҳо нахоҳад кард: “Дар ҳамлаҳои душман чанд тан аз фармондеҳон ва душманон ба шаҳодат расиданд ва ҳамкорони онон бедиранг вазифаҳои худро пай хоҳанд гирифт, иншоаллоҳ. Режими саюнӣ бо ин ҷиноят барои худ сарнавишти талх ва дарноке тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард” - таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Неруҳои мусаллаҳи Эрон низ дар пайи ин ҳамла гуфт, ки ба режими Исроил посухи сахт дода хоҳад шуд.
Ҳамлаи Исроил ба Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар нақша аст, рӯзи якшанбе музокироти даври шашуми Эрону Амрико дар шаҳри Масқати Умон доир шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”