Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Эрон: “Душман посухи сахт хоҳад гирифт”
Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон - Абдулфазл Шикорчӣ дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавоии субҳгоҳии Исроил гуфт, ки ба он посухи сахт дода мешавад: “Душман кори худро мекунад, душманӣ мекунад. Ба мардуми Эрон мегӯям, ки нигарон набошанд. Душмани саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти Амрико ин ҳамларо анҷом дод ва ба минтақаҳои аҳолинишин ҳамла кард, ҷавоби сахт хоҳад гирифт”.
Сардор Абдулфазл Шикорчӣ гуфт, неруҳои мусаллаҳ 100 фоиз омодаанд ва посух хоҳанд дод. Бархе хонаҳои масъулони низомӣ ва донишмандони атомӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва чанд фармондеҳ ба шаҳодат расидаанд.
“Мавриди нигаронӣ нест. Режими саҳюнистӣ ва Амрико ҷазои сангин хоҳанд дид ва тарсакӣ (зарбаи сахт) хоҳанд хӯрд” – таъкид намуд сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Эрон.
Ҳамчунин, сардор Абдулфазл Шикорчӣ афзуд, ки шабакаҳои мухолиф таблиғот мекунанд ва мардуми азиз бояд ахбори расмиро фақат аз расонаҳои миллӣ дунбол кунанд: “Неруҳои мусаллаҳ дар майдонанд ва амали ҷавобӣ ҳатман сурат хоҳад гирифт”.
Ӯ гуфт, “минтақаҳои аҳолинишин мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки нишон аз заъф ва пастии душман аст. Онҳо ҷуръати рӯ ба рӯ шудан бо кишварро надоранд”.
Дар пайи ҳамлаи субҳи имрӯзи Исроил ба бархе минтақаҳои аҳолинишини Эрон сардори Сипоҳи посдорони Эрон Ҳусайн Саломӣ, сардори сипоҳи Хотам-ул-анбиё Ғуломалӣ Рашид, раиси Донишгоҳи озоди Эрон Муҳаммадмаҳдӣ Теҳрончӣ ва собиқ раиси Созмони атомии Эрон Фариддун Аббосӣ кушта шуданд.
Хабари кушта шудани ин роҳбарони низомиро Сипоҳи посдорони Эрон тасдиқ намуда, паёми таслият нашр кард. Дар пайи он Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Эрон низ ба хонаводаҳои кушташудаҳо паёми тасаллият дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”