Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯзи 13-уми июн дар Тоҷикистон боронҳои бошиддат ва омадани сел пешгӯӣ мешавад
Ҳавошиносони Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли омадани сел дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии кишвар дар рӯзи 13-уми июн ҳушдор медиҳанд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
“Сабаби эҳтимолии омадани сел боришоти бошиддатест, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд (ноҳияи Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисматҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интизор меравад”- қайд мекунад агентии зикршуда.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба мардум тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо наздик ба обанборҳо набошанд, муҳидорӣ ва шикор накунанд ва инчунин, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо худдорӣ намоянд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои селхези минтақа буда, ҳар сол бар асари омадани сел мардуми он талафоти ҷониву хисороти молӣ мебинанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”