Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳизби ростгароёни Фаронса гуфт аз Аҳмад Масъуд пуштибонӣ мекунад
Раиси Ҳизби иттиҳоди ростгароён ва вакили парлумони Фаронса Эрик Сиоттӣ дар шаҳри Париж бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мулоқот намуд. Ӯ дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки ҳамеша аз Аҳмад Масъуд пуштибонӣ хоҳанд кард.
Аҳмад Масъуд ба хотири ширкат дар ҳамоише, ки аз сӯйи Коллеҷи Барнард баргузор мешавад, ба Фаронса сафар намуда, дар ҳошияи ин сафар бо як қатор сиёсатмадорон ва масъулони Фаронса, аз ҷумла Эрик Сиоттӣ гуфтугӯ кард.
Сиёсатмадори фаронсавӣ Эрик Сиоттӣ баъди мулоқот бо Аҳмад Масъуд дар шабакаи иҷтимоии “Х” чунин навишт: “Аҳмад Масъуд рамзи мубориза барои тамаддун, озодӣ ва демократия бар зидди Толибон ва тафаккури золимонаи исломгароён аст. Муборизаи ӯ, муборизаи мост”.
Эрик Сиоттӣ ҳамчунин, таъкид кард, ки бо ифтихор пуштибонии шахсии хеш ва Ҳизби иттиҳоди ростгароён барои Ҷумҳурии Фаронсаро ба Аҳмад Масъуд изҳор мекунад: “Ӯ ҳамеша метавонад ба пуштибонии мо такя кунад” – гуфт ӯ.
Аҳмад Масъуд бо кишвари Фаронса равобити бисёр наздики сиёсӣ дорад. Ин равобит аз падараш - фармондеҳи машҳури афғонистонӣ Аҳмадшоҳ Масъуд мерос мондааст.
Аҳмад Масъуд дар солҳои ахир ба Фаронса зиёд сафар мекунад. Ӯ дар як сафараш ба Ҷумҳурии Фаронса бо президенти ин кишвар Эммануэл Макрон низ дидор карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”