27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
12.06.2025 16:57

Дар авҷи таҳдидҳо президенти Эрон гуфт: “Бо ҷаҳон душман нестем, аммо зери бори зулм намеравем”

Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар сафари корӣ ба вилояти Эломи Эрон бо ишора ба нақши муқовимати мардуми ин вилоят дар даврони ҷанги таҳмилии Ироқ бар зидди Эрон гуфт, ки миллат бо иттиҳод ва ҳидояти раҳбарӣ метавонад ба ҳама мушкилот пирӯз шавад.

Масъуд Пизишкиён зимни суханронӣ дар миёни мардуми Эрон гуфт: “Мо бо такя ба неруи имон, ваҳдати миллӣ ва дастгирии мардум метавонем Эрони обод ва озод созем, ки бар асоси зарфиятҳои ҳамин миллат рушд меёбад”.

Президенти Эрон бо ёдоварӣ аз фидокориҳои мардуми Элом дар замони ҷанг бо Ироқ гуфт: “Шумо мардуми Элом сарзамини худро тарк накардед, балки бо матонат онро дифоъ кардед. Ин муқовимат нишонаи иззати миллӣ ва шарафи миллат аст”.

Масъуд Пизишкиён афзуд, ки вазифаи давлатии вай хидмат ба мардум аст ва бо иродаи ҷиддӣ тасмим гирифта шудааст, ки вазъи кунуниро тағйир диҳад: “Бо ҳамкории ҳама ниҳодҳо талош мекунем, то мушкилоти мардумро ҳал кунем ва зиндагии онҳоро осонтар созем”.

Президенти Эрон бо ишора ба таҳримҳои шадиди хориҷӣ таъкид намуд, ки давлат бо такя ба қувваи дохилӣ ва исломӣ дар муқобили ин фишорҳо устувор хоҳад монд. Ӯ афзуд “Мо бо ҷаҳон душман нестем, аммо зери бори зулм намеравем”.

Масъуд Пизишкиён афзуд, ки Эрон навобаста ба забон ва қавмият ба ҳамаи ақвоми он тааллуқ дорад: “Ин сарзамин моли ҳама мебошад, курд, турк, лур, араб, форс, балуҷ ва ҳамаи мардумони дигари Эрон. Ҳар фарде навобаста аз зан ё мард будан, ҳақ дорад дар сиёсат ва ояндаи кишвар нақш дошта бошад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.