Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арабистони Саудӣ додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистонро дубора барқарор кард
Мақомоти Арабистони Саудӣ низоми додани раводиди электронӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки чанде қабл муваққатан боз дошта буд, дубора барқарор кард.
Дар ин бора сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло метавонанд раводиди электронии сайёҳиро ба даст оранд.
Бар асоси иттилоъ, дар замони анҷоми мавсими ҳаҷҷи соли 2025 додани низоми раводиди электронӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан боз дошта шуда буд. Баъди анҷоми мавсими ҳаҷ ин маҳдудият бекор шуд ва ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо гирифтани раводид ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд раводиди электрониро аз сомонаи расмии www.visitsaudi.com дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ моҳи апрел додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро боз дошта буд.
Раводиди электронии сайёҳӣ барои сафар ба Арабистони Саудӣ ба муҳлати як сол дода мешавад ва ба дастраскунандаи он иҷозат медиҳад, ки 90 рӯз дар қаламрави ин кишвар зиндагӣ кунад.
Бо гирифтани ин навъи раводид шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои истироҳат ва сафари зиёрати ҳаҷ ба ин кишвар ворид шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”