Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дидори самимии Мирвайс Азизӣ бо нахустин шарики тиҷоратиаш Зайтуна дар Дубай
Мирвайс Азизӣ миллиардери афғонистонӣ ва муассиси ширкати машҳури “Azizi Developments” чанде қабл дар шаҳри Дубай бо як зан аз Ӯзбекистон мулоқоти самимона анҷом дод ва шарҳ дод, ки ин зан (Зайтуна-апа) дар оғози роҳи соҳибкории ӯ нақши муассир гузоштааст.
Мирвайс Азизӣ гуфт, ки дар ҳамкории аввалинаш бо Зайтуна-апа як миллион доллар суд ба даст овардааст ва ин маблағ заминаи тиҷорати минбаъдаашро фароҳам кардааст.
Манобеи наздик ба Мирвайс Азизӣ тасдиқ кардаанд, ин зан аввалин шахсе буд, ки дар замони оғози фаъолияти иқтисодии Мирвайс Азизӣ ба ӯ кумак намуда, ҳамкориҳои тиҷоратӣ анҷом додааст. Мулоқоти Мирвайс Азизӣ бо зани ӯзбекистонӣ дар қароргоҳи ширкати “Azizi Developments” доир шудааст.
“Хеле хушҳолам аз ин ки имрӯз дар дафтари кори худ бо дӯсти муҳтарам ва дерина ва аввалин ҳамкори тоҷири худ аз кишвари Ӯзбекистон хонум Зайтуна-апа дидор намудам. Ҳудуди 37 сол қабл, он гоҳе ки тоза кори тиҷоратро оғоз карда будам, хонум Зайтуна, ки аз қабл дар бахши нассоҷӣ тиҷорати босазое дар Ӯзбекистон дошт, бо ман ҳамкор шуд ва бо кумаки вай тавонистам дар зарфи шаш моҳ аввалин миллион доллар сармояи худро ба даст биоварам. Ман он марҳилаи зиндагии худро ҳамеша ба масобаи оғози тиҷорати ширкати “Azizi Developments” ба ёд дошта ва арҷ мегузорам. Аз хонум Зайтуна сипосгузорам, ки бо вуҷуди синни боло ва қабули заҳмати сафари дур, аз Тошканд ба дидорам ташриф овардааст”- навиштааст Мирвайс Азизӣ.
Мирвайс Азизӣ яке аз тоҷирон ва миллиардерони маъруфи Афғонистон аст, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сармоягузориҳои зиёде анҷом додааст. Ӯ дар шаҳри Дубай баландтарин бурҷи дунёро бо номи “Бурҷи Азизӣ” месозад. Ӯ роҳбари “Азизӣ бонк” дар Афғонистон низ буд.
Як сол қабл расонаҳо навишта буданд, Мирвайс Азизӣ тасмим гирифтааст, ки дар Афғонистони зери роҳбарии гурӯҳи террористии Толибон 10 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Ҳамчунин, ӯ ба зарардидагони зилзилаи Ҳирот барои бунёди манзил кумак кардааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидгоҳҳои мухталиф оид ба фаъолиятҳои иқтисодии Мирвайс Азизӣ матраҳ аст. Бисёре аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон аз он интиқод кардаанд, ки баъди фурӯпошии ҳукумати Афғонистон муассиси “Кобул банк” - Мирвайс Азизӣ пулҳои гузоштаи мардум дар бонкашро пас надодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”