27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
«700 сол бо Ҳофиз». Ифтитоҳи Конфронси байналмилалии илмӣ дар Париж
Дирӯз, 11-уми июн дар шаҳри Парижи Фаронса ба ифтихори 700 – солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.
Гуфта мешавад, ки Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж доир шуда, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито нахуст доир ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс суханронӣ карданд.
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии «Девон»- и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ пешниҳоди тамошобинон гардиданд.
Ҳамчунин, дар намоиши ҷашнӣ намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигори тоҷик Олимҷон Комилзода дар асоси ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ тасвир гардиданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Афзуда мешавад, ки дар намоиши мазкур намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ба монанди сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар мероси фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”