Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори шадиди Эрон. "Ба қатъномаи Аврупо ва Амрико посухи қотеъ нишон медиҳем"
Дар пайи нашри хабари пешниҳоди қатънома бар зидди Эрон аз сӯйи Амрико ва Аврупо Ризо Наҷафӣ намояндаи доимии Эрон дар Агентии байналмилалии атомӣ ҳушдор дод, ки дар сурати тасвиби қатъномаи сиёсӣ Эрон вокуниши қатъӣ нишон хоҳад дод.
Ризо Наҷафӣ гузоришҳои ахири Агентии байналмилалии атомӣ дар хусуси фаъолиятҳои эълоннашудаи атомии Эронро комилан рад карда, гуфт, ки ин гузориш бо ангезаҳои сиёсӣ таҳия шудааст.
Ризо Наҷафӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ин гузориш асоси қавӣ ва боэътимод надорад ва бисёре аз масъалаҳои зикршуда ба мавзуъҳои гузашта иртибот доранд.
Вокуниши Ризо Наҷафӣ ба гузоришҳои ахири Агентии байналмилалии атомӣ марбутанд, ки дар он ин агентӣ иттиҳомҳое ба мисли набудани посухҳои боэътимод аз сӯйи Эрон, дуздии санадҳои махфӣ ва поксозии маконҳои олӯда ба уранро матраҳ кардааст. Аммо ин иттиҳомҳоро Эрон рад кардааст.
Гузориши Агентии байналмилалии атомӣ аз ҳамкории “камтар аз интизор” аз ҷониби Эрон интиқод шудааст. Махсусан дар шарҳи маводи урани ёфташуда дар маконҳое, ки қаблан эълон нашуда буданд.
Ризо Наҷафӣ “иддаои вуҷуд надоштани ҳамкории комил аз сӯйи Эрон” –ро беасос дониста, гуфтааст, ки қатъномаи пешниҳодшуда “ангезаҳои сиёсӣ дорад”.
Франс-пресс қаблан гузориш дода буд, ки Фаронса, Британия ва Олмон дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд қатъномаеро пешниҳод кунанд ва парвандаи атомии Эронро ба Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид фиристанд.
Намояндаи Эрон гуфт, ки дар сурати тасвиби қатънома Эрон вокуниши бисёр қотеъ нишон хоҳад дод.
Шиддат гирифтани баҳси Агентии байналмилалии атомӣ бо мақомоти Эрон дар ҳолест, ки ин ҳафта музокироти даври шашуми Эрон ва Амрико оғоз мешавад. Доналд Трамп чанде қабл гуфт, ки Эрон музокиракунандаи бисёр сарсахт аст ва мехоҳад бо ин кишвар ба тавофуқ бирасанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”