27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
11.06.2025 15:58

Шавкат Мирзиёев кишварҳои Осиёи Марказиро “аз рақобат ба ҳамкории воқеӣ” даъват кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дуҷонибаи судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, афзуд, ки кишварҳои минтақа аз рақобат ба ҳамкории воқеӣ бояд гузаранд.

Президенти Ӯзбекистон Форуми Тошкандро минбари муҳим барои табодули афкор миёни сиёсатмадорон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ номида, гуфт: “Имрӯз Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи бозингарони ҷаҳонӣ қарор дорад. Аммо мо бояд аз имкониятҳои иқтисодии худ мустақилона ва оқилона истифода кунем”

Шавкат Мирзиёев бо зикри оморҳои ҷолиб таъкид намуд, ки ҳаҷми умумии иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳафт соли ахир беш аз 40 фоиз афзуда, ба 4000 миллиард доллар расидааст. Ин рақам дар баробари рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон гардиши савдо миёни кишварҳои минтақа 3,5 баробар афзуда ва шумораи корхонаҳои муштарак 2,5 маротиба бештар шудааст. Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки фақат дар соли 2023 гардиши савдои Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсояи минтақавӣ қариб 8 миллиард долларро ташкил додааст.

Шавкат Мирзиёев бо ишора ба аҳамияти шабакаҳои нақлиётӣ, лоиҳаҳои роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон” ва лоиҳаи Транс-афғон, ки Ӯзбекистонро бо Покистон ва бандарҳои баҳрии ҷанубӣ мепайвандад, гуфт: “Ин лоиҳаҳо барои дастрасии кишварҳои минтақа ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ, махсусан Ҳиндустон, Покистон ва Ховари Миёна аҳамияти ҳалкунанда доранд”.

Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, як стратегияи нави иқтисодии Осиёи Марказӣ барои даҳсолаи оянда таҳия гардад, ки самтҳои зеринро фаро гирад: истифодаи самараноки захираҳои об ва энергетика, тақвияти амнияти озуқаворӣ ва тавсеаи кишоварзӣ, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим.

Шавкат Мирзиёев бо лаҳни мусбат аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки “аз рақобат ба ҳамкории воқеӣ” гузаранд. Ӯ ташкили бунёди умумии сармоягузорӣ, механизми машваратии доимӣ ва маркази таҳлилию иқтисодии минтақавиро пешниҳод намуд, ки барои таҳкими ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.