27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
11.06.2025 15:33

Думаи Русия бо тарҳи қонун мехоҳад аз болои фарзанди муҳоҷирон назорати қонунӣ ҷорӣ шавад

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия эълон намуд, ки Дума дар ҳафтаи ҷорӣ баррасии қонун дар бораи назорат аз болои фарзандони муҳоҷиронро баррасӣ менамояд. Дар ин хусус расонаҳои Русия хабар доданд.

Бар асоси лоиҳаи қонуни нав мақомоти минтақавӣ ва маҳаллии соҳаи маориф вазифадор мешаванд, ки ба Вазорати корҳои дохилии ФР ҳуҷҷатҳои маълумоти шахсии кӯдак ва падару модараш, натиҷаҳои имтиҳони забони русӣ, маълумот дар бораи қабул ва хориҷ шудан аз муассисаҳои таълимӣ, муроҷиатҳои шахсони хориҷие, ки дар феҳристи шахсони зери назорат қарор дорандро пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия вазифадор мешавад, ки бақайдгирии муҳоҷиратии кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро ба мақомоти маориф ирсол кунад.

Ба гуфтаи Вячеслав Володин чунин механизм имкон медиҳад, ки миёни ниҳодҳои давлатӣ муомилаи саривақтӣ ва муассир дар хусуси мақоми ҳуқуқии фарзандон ва волидайни онҳо таъмин шавад. Ин меъёр дар оянда ба тасмимгирии мақомоти давлатӣ метавонад таъсир гузорад.

Дар лоиҳаи қонуни нав ҳамчунин, ворид намудани натиҷаҳои имтиҳони забони русии ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ба низоми иттилооти федералӣ пешбинӣ шудааст

Ёдовар мешавем, ки қаблан қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактбаҳои Русия бидуни донистани забони русӣ ва мақоми қонунии ҳуқуқи истиқоматӣ манъ шуда буд.

Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия таъкид намуд, ки қоидаҳои нав натиҷаҳои мусбат дар пай хоҳанд дошт. Бар асоси омор дар ду моҳи аввал аз миёни 2868 довталаб фақат 498 нафар (17%) ба имтиҳон роҳ ёфтанд ва фақат 4% -и хоҳишмандон ба мактаб пазируфта шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.