Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муовини сарвазири Русия паёми шодбошӣ ва таманниёти неки Путинро ба Мирзиёев овард
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 10-уми июн дар шаҳри Тошканд бо муовини сарвазири Федератсияи Русия Александр Новак мулоқот намуд. Александр Новак ба хотири ширкат дар Форуми чоруми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба Ӯзбекистон омада буд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва дорои афзалияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди соҳаи энергетика ва лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар меҳвари гуфтугӯи ду ҷониб қарор гирифт.
Александр Новак паёми шодбошӣ ва таманниёти неки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба Шавкат Мирзиёев расонид. Ин паём нишонаи сатҳи баланди эътимод ва шарикии стратегӣ дар миёни Тошканд ва Маскав мебошад.
Бар асоси иттилои расонаҳои ӯзбекистонӣ мулоқот дар фазои дӯстона доир гардид, ки дар он ҳар ду ҷониб омодагии худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
Ҳузури Александр Новак дар Форуми сармоягузории Тошканд нишон дод, ки Ӯзбекистон барои сармоягузорони Русия минтақаи муҳим ба шумор меравад ва ду кишвар омодаанд, ки дар оянда лоиҳаи бузургро амалӣ созанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”