27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
08.06.2025 14:34

«Дӯстӣ бояд ҷовидона бошад» - Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ

Гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷик дар Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби рӯзномаи бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин - «Жэнмин жибао» ташкил гардид, дар шаҳрҳои Остона ва Алматои (пресс-тур ба ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин) Қазоқистон ширкат варзиданд. Ин ҳамоиш ба як минбари муҳим барои муколамаи озоди намояндагони ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин табдил ёфт.

Форуми мазкур бо номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ифтитоҳ гардид, ки онро Арман Кирикбаев, мушовири президент оид ба сиёсати дохилӣ ва иртиботот қироат намуд.

Евгений Кочетов, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, баргузории чунин форумро қадами ҷиддӣ дар таҳкими равобити иттилоотӣ арзёбӣ карда, гуфт: «Бо роҳнамоии сарони ду кишвар, муносибатҳои Қазоқистон ва Чин ба сатҳи нав баромадаанд». Вай ҳамзамон аз ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва зарурати густариши ҳамкориҳои расонаӣ сухан гуфт.

Нақши Чин ва Осиёи Марказӣ дар ташаккули ҷомеаи муштараки иттилоотӣ

Ху Хэпинг, муовини мудири Шуъбаи таблиғоти КМ ҲК Чин, дар суханронии худ аҳамияти форумро дар таҳкими равобити минтақавӣ таъкид кард. Фан Сзяншан, муовини сардабири «Жэнмин жибао», дар баромадаш чаҳор самти асосии ҳамкориҳоро пешниҳод намуд: эҳёи эътимоди мутақобила, таблиғи лоиҳаҳои муштарак, ҷорӣ кардани инноватсияҳо ва сармоягузорӣ ба кадрҳои ҷавон.

Вай чунин зикр кард: «Имрӯз Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ташаккули ҷомеаи муштараки ояндаро дар форматҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба расмият дароварданд. Ин ташаббус иродаи тарафҳоро барои ба сатҳи сифатии ҳамкориҳо баровардани муносибатҳо ифода мекунад. Идеяи ҷомеаи ояндаи муштараки инсоният тадриҷан ба як консенсуси ҷаҳонӣ ва арзиши умумӣ табдил ёфтааст. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ ҳамчун як тамоюли таърихӣ бебозгашт аст. Дар ҷаҳонишавӣ тақдири ҳамаи миллатҳо ба ҳам алоқаманд буда, сохтмону тараққиёти якҷоя ба воқеияти ногузир табдил ёфта истодааст. Ҳамкорӣ ва нафъи ҳамдигарӣ ягона роҳи муваффақияти устувор мебошанд».

Дар Форум Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро хонаи умумии дониста, дастовардҳо ё мушкилоти онро низ дастоварду мушкилии минтақа донистанд. Ба назари коршиносони Форум сулҳ, рушд, шукуфоӣ ва субот ормон ва ҳадафҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин аст.

Аз ин рӯ, гуфта шуд, ки кишварҳо бояд ба хотири рушди муштарак қувваҳоро муттаҳид кунанд ва иқтидори минтақаро ба ҳадди аксар расонанд. Имрӯз ҷаҳон дигаргуниҳои бесобиқаеро, ки дар тӯли садсолаҳо дида нашуда буд, аз сар мегузаронад. Дар ин бора Фан Сзяншан чунин назар дорад: «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба душвориҳо ва имкониятҳои нав дучор шуда истодааст. Якҷоя бунёд кардани ҷомеаи сарнавишти муштарак, таҳкими ҳамбастагӣ, равиши воқеии бисёрқутбӣ, ҷаҳонишавии фарогир ва мусоидат ба тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ на танҳо рисолати таърихӣ, балки роҳи шукуфоии муштарак мебошанд».

Фан Сзяншан ҳамзамон гуфт, ки ҷаҳонишавии иқтисодӣ равандест бебозгашт ва танҳо роҳи муваффақияти устувор — тавассути ҳамкорӣ ва манфиати мутақобила амалӣ мегардад.

Аз видео то воқеият: ҳамкориҳои муосир ва тамоюлҳои расонаӣ

Дар маросими ифтитоҳ кӯтоҳфилми “Як камарбанд, як роҳ” намоиш дода шуд, ки бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ таҳия гардида буд. Навор бо нишон додани рӯҳияи ҳамкории кишварҳо дар масирҳои таърихии тиҷорат, бар аҳамияти робитаҳои муосир миёни ВАО таъкид мекард.

Дар бахши асосии форум, намояндагони расонаҳои марказӣ аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Суҳроб Рауфзода, сардабири рӯзномаи “Минбари халқ” аз Тоҷикистон, Ма Сяонин, мудири департаменти ахбори ҷаҳонии “Жэнмин жибао”, Мират Бекмурадов — директори расонаи “Туркманистон: асри тиллоӣ” ва дигарон суханронӣ карданд.

Суҳроб Рауфзода бо таъкиди сиёсати дурандешонаи роҳбарони Тоҷикистон ва Чин чунин гуфт:

«Ҳамаи сохторҳои Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Чин омодаанд. Аз ҷумла рӯзноманигорон низ ба Чин бо назари нек менигаранд ва барои густариши бештари ҳамкорӣ омодаанд».

Журналистикаи Чин ва нигоҳи неки он ба Осиёи Марказӣ

Тибқи меъёрҳои эътирофшудаи журналистикаи ҷаҳонӣ, вазифаи расонаҳо се ҷиҳати муҳим дорад: таблиғ, ташвиқ ва созмондиҳии афкори умум. Ин модел метавонад барои рушди журналистикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ як намунаи омӯзишӣ бошад, зеро бо назардошти фазои иттилоотии минтақавӣ, як расонаи фаъол бояд на танҳо расонандаи хабар, балки роҳнамои афкор низ бошад.

Қобили зикр аст, ки Чин дар муносибат бо ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша беғараз ва шарики боэътимод буд. Хусусан ҳамкории он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан бар мабнои манфиатҳои иқтисодӣ ва рушди устувор сурат гирифта, аз нияти нек ва муносибати бародарона дарак медиҳад.

Фазои иттилоотии муосир ва имкониятҳои нав

Ҳадафи асосии Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ» таъмини замина барои ҳамкориҳои нави расонаӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ташаббусҳои муштарак дар фазои зудтағйирёбандаи иттилоотӣ мебошад.

Дар доираи Форум, масоили марбут ба рақамикунонӣ, ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар ВАО, рушди эҷодкорӣ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, мубориза бо фейк-хабарҳо ва таҳкими амнияти иттилоотӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Суҳроб Рауфзода, сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» дар ин бора чунин таъкид кард: «Дар ҷаҳони муосир, ки далелҳо ва ақли солим арзишҳои бунёдӣ ҳастанд, бояд якҷоя дар муқобили фейкҳо ва иттилооти ғаразнок истода, барои ҳифзи фазои солими иттилоотӣ кӯшиш кунем».

Рӯзномаи “Жэнмин жибао”: маркази ҷаҳонии иттилоот

Форуми мазкур аз ҷониби “Жэнмин жибао”, яке аз пурнуфузтарин расонаҳои давлатии Чин ва дунё, ки бо забонҳои мухталифи дунё нашр мешавад ва дар зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад, баргузор шуд. Дар рӯзномаи “Жэнмин жибао” беш аз 1000 нафар корманд фаъолият мекунанд ва тиражи он ба 4 миллион нусха мерасад. Имрӯз “Жэнмин жибао” бо нашрияҳои фаръии худ ба як холдинги бузург табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устуворро соҳиб аст.

Хулоса

Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ» на танҳо як чорабинии иттилоотӣ, балки платформае барои таҳкими дӯстиҳои дерина ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ дар заминаи расонаҳо буд. Дар шароити ҷаҳони рӯ ба тағйир, мушкилоту имкониятҳои нав, танҳо тавассути ҳамкории мутақобилан судманд метавон ба рушди устувори минтақа ноил шуд. Зеро, чуноне ки дар оғози форум таъкид шуд: «Дӯстӣ бояд ҷовидона бошад».

Гузориши М. Қосимов аз рӯзи аввали Форум

Остона, 29.05.2025

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.