Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бемори рӯҳиро таҳқир карда дар интернет гузошт. 10 шабонарӯз ҳабси муаллифи навор
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз боздошту ҳабси муаллифи навори таҳқиркунанда хабар дод, ки чанд рӯз мешавад дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш мехӯрад.
Манбаъ менависад, ки Зоиров Фазлиддин Салоҳиддинович, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Ҷилликӯл, деҳаи М. Ҳотам ҳангоми ба машғулияти меҳнатӣ машғул будани Пиров Файзалӣ Маҳмадалиевич, сокини ноҳияи Дустӣ, ҷамоати деҳоти Анористон, деҳаи А.Ҷомӣ, ки 10 сол аст гирифтори бемории рӯҳӣ аст, навори таҳқиркунанда сабт карда, дар дар шабакаи иҷтимоии Тик-ток гузоштааст.
Навори таҳқиромезро саҳифаҳои гуногун бознашр карда, аз мақомот хостанд, нисбат ба муаллиф, ки як одамро таҳқир кардааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Гуфта мешавад, ки Зоиров Фазлиддин Салоҳиддинович дастгир гардида, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”