Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Хатлон беш аз 190 ҳазор навраc ба лагерҳои тобистона фаро гирифта мешаванд
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки имсол дар мавсими фасли тобистон беш аз 190 ҳазор кӯдакону наврасон ба лагерҳо ва машғулиятҳои мухталифи тобистона фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дода, гуфтааст, ки бар асоси қарори раиси шаҳри Хатлон барномаи истироҳати тобистона аз 14-уми апрели соли 2025 таҳия шуда, ҳадафи аз он фароҳам кардани шароити муътадил ва самарабахш барои истироҳати кӯдакон дар фасли гармои сол мебошад.
Дар маҷмуъ, 190 870 нафар хонанда ба истироҳатгоҳҳо ва маҳфилу машғулиятҳо ҷалб карда мешаванд. Аз ин шумора 6180 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ истироҳат хоҳанд кард.
Мақомот мегӯянд, ки фаъолияти ҳамаи лагерҳои тобистона фақат бар асоси хулосаи расмии мақомоти санитарию эпидимологӣ ва идораҳои марбути бехатарӣ аз сӯхтор иҷоза дода мешавад.
Тибқи гуфтаи масъулон лагерҳо бо мутахассисони соҳа таъмин шуда, барои кӯдакони ятим аз оилаҳои ниёзманд, болаёқат ва фарзандони кормандони соҳаҳои мухталиф роҳхатҳо бо назардошти имтиёзҳо тақсим карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”