Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гвардиола қатли мардуми Ғаззаро маҳкум кард: “Дарднок аст, баданам меларзад”
Пеп Гвардиола, сармураббии тими футболи “Манчестер Сити” аз маросими дарёфти унвони фахрии докторӣ аз Донишгоҳи Манчестер бо суханронии пурэҳсос аз қатли мардуми Ғазза изҳори нигаронӣ намуда, пуштибонии худро аз онҳо баён кард.
Ин маросим дар толори таърихии Витворт баргузор гардид ва Назир Афзал, раиси Донишгоҳ унвони фахриро ба Гвардиола барои саҳми бузургаш дар рушду хизматрасонии ҷомеаи Манчестер, ҳам дар майдони футбол ва ҳам берун аз он супорид.
“Он чи дар Ғазза мегузарад, бисёр дарднок аст. Баданам меларзад. Бигзор рӯшан бигӯям: ин мавзуъ фақат ба идеология рабт надорад. Мавзуъ дар бораи муҳаббат ба ҳаёт аст. Дар бораи ҳифозат аз ҳамсоя. Мо шояд фикр кунем, кушта шудани кӯдакони чорсола зери бомбҳо ё дар бемористонҳое, ки дигар нестанд, ба мо марбут нест? Вале эҳтиёт кунед. Қурбонии оянда метавонад фарзанди шумо бошад” – гуфтааст Пеп Гвардиола.
Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар субҳ вақте аз хоб мехезад ва ин даҳшат барои кӯдакони Ғазза идома дорад, фарзандони худаш дар назараш ҷилвагар мешаванд.
“Метарсам... ин суратҳо шояд аз ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, дур ба назар расанд, аммо бояд пурсем: мо чӣ коре карда метавонем?”
Ин изҳороти Гвардиола, ки ба рӯшанӣ ва бо забони инсонгароёна баён шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мухлисон ба вокунишҳои мусбат рӯ ба рӯ шуд. Инчунин, ин суханон дар фазои варзишӣ ва сиёсӣ як навъ даъват ба масъулияти ахлоқӣ барои рӯшанфикрон ва шахсиятҳои маъруф арзёбӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”