Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
10 ҳазор кӯдак аз шаҳри Душанбе ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми июн то 4-уми август беш аз 10 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳи тобистона фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.
Барои таъмини бофароғат ва солимгардонии кӯдакону наврасон 50 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад. Аз ин шумора, 46 истироҳатгоҳ дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр, як адад дар маркази кӯдакону наврасони пойтахт, як истироҳатгоҳ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва истироҳатгоҳи беруншаҳрӣ дар Зимчуруд ва Шарора фаъолият хоҳанд кард.
Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати муориф дар суҳбат бо “Ховар” гуфтааст, ки кӯдакон дар чор баст ба истироҳат фаро гирифта мешаванд, ки ҳар баст 10 рӯз идома ёфта, ройгон мебошад.
“Тибқи қарори мазкур, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Зимчуруд” ва “Шарора” 2298 нафар кӯдакону наврасон, дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 7760 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд”- зикр намуд Асомиддин Бобозода.
Асомиддин Бобозода дар суҳбат бо “Ховар” афзудааст, ки таътили тобистонаро волидайн низ дуруст ба нақша гиранд, то фарзандон вақти худро босамар гузаронанд: “Дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин, бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд”.
Мақомоти маорифи пойтахт таъкид мекунанд, ки ҷалби кӯдакону наврасон ба чунин барномаҳои фароғатӣ на танҳо ба саломатии ҷисмонӣ, балки ба боло рафтани маънавиёти онҳо низ мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”