Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Ба Эрон ҳамла шавад, ба муассисаҳои махфии атомии Исроил ҳамла мекунем”
Шурои Олии амнияти миллии Эрон бо нашри изҳорот гуфт, ки ба ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон посух хоҳанд дод. Ин ниҳоди расмии Эрон иддао кард, ки дар сурати ҳамла ба муассисаҳои махфии атомии Исроил ҳамла хоҳанд кард. Ин ниҳоди эронӣ гуфт, ҳамла ба муассисаҳои махфии атомии Исроил бисёр шадид ва вайронгар хоҳад буд.
Дар изҳорот зикр мешавад, ҳар навъ таҷовузи эҳтимолии Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон бо ҳамлаи фаврӣ ба муассисаҳои махфии атомии он кишвар ва бо ҷавобе шадид ба ҳар гуна амалҳои харобкорона бар зидди зербиноҳои иқтисодӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
“Ин дастоварди муҳимми иттилоотӣ қисми муҳимме аз тарҳрезии ҳушмандона ва амалиёти пинҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобили ҷанҷолҳои душманон мебошад. Қисми дигари он, муборизаҳои шабонарӯзӣ ва беиддаои неруҳои мусаллаҳ аст, ки бо дарки нуқтаҳои заъф ва қуввати Исроил ва ҳимояти он тавоноии амалиёти кишварро тақвият мебахшад” – зикр шудааст дар изҳороти Шурои Олии амнияти миллии Эрон.
Гуфта шудааст, имрӯз дастрасӣ ба иттилоот ва такмили занҷираи иттилоотӣ-амалиётӣ ба муборизони Ислом ин имконро додааст, ки ба таҷовузи эҳтимолии Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон бо амалиёти ҷавобӣ дар муассисаҳои махфии атомии он ва бо посухе мутаносиб бо ҳар навъ таҷовуз дар бахшҳои иқтисодӣ-низомӣ муқобила кунанд.
Чанде қабл расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки неруҳои амниятии ин кишвар дар як амалиёти печида ба анбуҳе аз иттилооти сиррии барномаҳои атомии Исроил даст ёфтаанд. Дастёбӣ ба иттилооти ҳассоси муассисаҳои атомии Исроил ба Эрон имкон медиҳад, ки дар посух ба ҳамлаҳои Исроил аз иттилооти дақиқ ва санҷидашуда истифода кунад.
Сипоҳи посдорони Эрон низ ба эҳтимоли ҳамлаи Исроил вокуниш нишон дода, гуфт, ки посухи Эрон бисёр шадид ва вайронгар хоҳад буд. Сипоҳ гуфт, ки дарастӣ ба иттилооти ҳассоси атомии Исроил манёври нуқтазанӣ ва ҳамлаҳои дақиқи мушакҳои эрониро боло мебарад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”