Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Субот ва амнияти Тоҷикистон барои Эрон аҳамияти стратегӣ дорад”
Дар тамоси телефонӣ бо Абруҳамон Аламшозода, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Маҷид Пурҷамшедиён, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба амният ва қонун масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд. Маҷид Пурҷамшедиён Иди Қурбонро ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.
Ин тамоси телефонӣ дар пасманзари сафари ахири ҳайати расмии Эрон ба шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки дар ҷараёни он сеюмин гурӯҳи муштараки амниятӣ миёни ду кишвар баргузор шуда буд.
Маҷид Пурҷамшедиён аз мизбонии самимии Тоҷикистон ва баргузор намудани муваффақонаи ҷаласаи мазкур изҳори сипос кард.
Ба гуфтаи ӯ субот ва амнияти Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти стратегӣ дорад. Ӯ рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсояро як омили муҳимми суботи минтақа арзёбӣ кард. “Амният дар Тоҷикистон барои мо муҳим аст”- гуфт муовини Вазири корҳои дохилии Эрон.
Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои ахир бо назардошти таҳдидҳои муштарак, аз ҷумла ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил робитаҳои худро дар бахши амният ва мубодилаи иттилоот тақвият бахшидаанд.
Дар ҷаласаи ахири гурӯҳи муштарак дар шаҳри Душанбе, ки моҳи май доир гашт, мавзуъҳои мубориза бо терроризм, назорати марзҳо ва ҳамоҳангсозии фаврии амалиётҳо баррасӣ гардид.
Ба гуфтаи сарчашмаҳои расмӣ ду кишвар дар робита ба мубодилаи иттилооти амниятӣ ва таҳкими чораҳои пешгирикунанда ба созиш расиданд. Ин муколама дар ҳолест, ки тағйироти геополитикӣ ва муносибатҳои нави минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ вазъи нав ба миён оварданд ва ҳар ду кишвар мекӯшанд, мавқеи худро дар ин муҳити мураккаб тақвият бахшанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”