Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Дор” –и марги Исроил ва Амрико фаластиниён. Дар маркази тақсими кумакҳо 130 нафар кушта ва беш аз 1000 кас захмӣ шуданд
Хабаргузориҳои фаластинӣ имрӯз аз ҳалокати як кӯдаки дигар дар Навори Ғазза бар асари гуруснагӣ хабар доданд. Гуфтаи манобеи тиббӣ дар бемористони кӯдакона ва таваллудхона дар шаҳри Хонюнуси ҷануби Ғазза ин кӯдак бинобар камбуди шадиди ғозо ҷони худро аз даст додааст.
Бар асоси иттилои расмӣ то кунун дар назди маркази ба номи “Бунёди башардӯстонаи Ғазза”, ки зери нуфузи Амрико ва Исроил қарор дорад, 130 нафар кушта ва беш аз 1000 кас маҷруҳ шудаанд.
Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид низ эълон кард, ки дар Ғазза беш аз 70 ҳазор кӯдак ба камбуди шадиди ғизо дучоранд ва ҳазорон оила ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ мебошанд.
Як масъули Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки агар кумакҳои башардӯстона ба ҷойҳои муҳосирашудаи Ғазза нарасад, эҳтимол дорад 14 ҳазор ҷони худро аз даст диҳанд.
Фарҳон Ҳақ, сухангӯи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, агар дар рӯзҳои наздик роҳи ҳалли мушаххас пайдо нашавад, амалиётҳои кумакрасонӣ дар Ғазза тамоман қатъ хоҳад шуд.
Ӯ таъкид намуд, Созмони Милали Муттаҳид борҳо талош кардааст, ки маводи сӯхтро ба Ғазза расонад, аммо Исроил монеи ин амалиёт мешавад. Ба гуфтаи Фарҳон Ҳақ, камбудии шадиди сӯхт дар Ғазза кори дастаҳои наҷотбахш ва гурӯҳҳои башардӯстонаро душвор ва фишорҳоро бештар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”